27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
15.11.2025 14:09

Трамп мехоҳад аз Би-би-сӣ то 5 миллиард доллар ҷуброни молиявӣ талаб кунад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп рӯзи 14-уми ноябр гуфт, ки навобаста аз узрхоҳии расмии медиакорпоратсияи Британия Би-би-сӣ аз болои он ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.

Би-би-сӣ барои таҳрири баҳсбарангези қисматҳои суханронии Доналд Трамп дар барномаи “Панорама” узр пурсид, вале аз пардохти ҷуброн комилан худдорӣ кард.

Доналд Трамп ба хабарнигорон дар вақти сафари хизматӣ бо ҳавопайо гуфт: “Мо мехоҳем ба онҳо дар ҳаҷми аз як то панҷ миллиард доллар ситонидани зарари молиявӣ муроҷиат кунем. Эҳтимолан дар ҳафтаи оянда. Фикр мекунам маҷбур мешавам, ин корро кунам. Онҳо ҳатто ба қаллобӣ иқрор шудаанд”.

Тибқи гуфтаи ӯ, то ҳол масъала бо нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер баррасӣ нашудааст, аммо Доналд Трамп мақсад дорад дар рӯзҳои наздик бо ӯ тамос гирад. Президент таъкид кард, ки Кир Стармер талош дорад, бо ӯ робита кунад ва аз ин рӯйдод “дар ҳолати ногувор” мондааст.

Ин баҳс ба филми мустанади “Трамп: имкони дувум” рабт дорад, ки қабл аз интихоботи президентии соли 2024 нашр шуда буд. Дар он се порча аз суханронии Доналд Трамп рӯзи 6-уми январи соли 2021 ба шакле таҳрир шудаанд, ки гӯё мардумро ба хушунат дар вақти ҳамла ба Капитолия даъват мекунад.

Кохи сафед “Би-би-сӣ”-ро дар паҳн кардани “хабарҳои бардурӯғ” муттаҳам намуд. Вакилони Доналд Трамп тақозо карданд, ки корпоратсия ин иттиҳомро рад кунад, узр пурсад ва 1 миллиард доллар ҷуброн пардохт намояд. Дар пайи ин қазия директори генералии Би-би-сӣ Тим Дэйви ва роҳбари бахши хабарии он Дебора Тернесс истеъфо доданд.

Раиси Шурои Би-би-сӣ Самир Шоҳ дар номае ба Кохи сафед аз таҳрири нодурусти суханронии Доналд Трамп изҳори таассуф намуд. Корпоратсия эълон кард, ки ин барнома дигар такроран нашр нахоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.