27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Санъати муосири тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Қирғизистон муаррифӣ шуд
Дар намоишгоҳи байналмилалии “Арт Экспо”, ки дар он намоядагони касбу кори ҳунарӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуданд, аз 12-ум то 15-уми ноябр дар шаҳри Оши Қирғизистон доир гардид.
Дар ин бора аз Институти давлатиии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ доданд. Тибқи иттилоъ, чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон ва бо ҳамкории Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бунёди ҷамъиятии “Арт-Араба” ташкил шудааст.
Барномаи намоишгоҳ баргузории намоишгоҳҳои ҳунарӣ, ярмаркаи ҳунарҳои мардумӣ, намоиши филмҳои муаллифӣ, намоишҳои муд, мастер-классҳо, намоишҳои рассомӣ, конфронс дар хусуси нақши ҷавонон дар масъалаҳои фарҳангӣ, лабараторияҳои эҷодӣ ва пешниҳоди намоишҳои нави театриро дар бар мегирад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ асарҳои устодони Институти давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Сорбон Шифоев ва Бахлулҷон Абдуллоев муаррифӣ намуданд.
Баргузор шудани намоишгоҳ ба рушди гуфтугӯҳои байнифарҳангӣ, дастгирии санъати суннативу муосир ва таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ мусоидат менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”