27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
15.11.2025 13:51

Фирӯз Умаров: “Мо минбар дорем ва бисёр муҳим аст, ки аз он чӣ мегӯем”

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Фирӯз Умаров наздики панҷоҳ сол мешавад, ки дар саҳна зиндагӣ мекунанд, бале, зиндагӣ мекунанд, нақш намебозанд. Вақте фаҳмидем, ки 15-уми ноябр зодрӯз доранд, бо эшон дар коргоҳашон Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ вохӯрдем.

Суҳбати мо бо мавсуф аз аҳамияти ба зодрӯз расидан оғоз шуда, то рисолати театру ҳунарманд давом ёфт, ки мухтасари он манзури хонандагон мегардад.

ПАЁМИ ЗОДРӮЗ

- Ба зодрӯзи нав расидан барои шумо чӣ маъно дорад?

- Дар умум, ба зодрӯз расидан хурсандӣ аст, зеро ин рӯзест, ки одам ба дунё омадааст.  Вале барои гузашти умр ҳам фикр мекунам, зеро ҳоло умр чунин зудгузар аст, ки як моҳ ба мисли як рӯз мегузарад. Лоиқ Шералӣ шеъре бо номи “Вақт” дорад, ки паёмаш ба қадри вақт расидан аст. Зодрӯз ҳам ба мо ҳушдор медиҳад, ки вақт рафта истодааст ва бояд нияту мақсадҳоямонро ҳар чи зудтар амалӣ кунем. Паёми зодрӯз шукргузорӣ аз умри рафта ва ба қадри вақти монда расидан аст.

- Зодрӯзатонро чӣ гуна қайд мекунед?

- Соли гузашта чун 70-солагӣ буд, дар театр қайд кардам. Дигар солҳо бошад, дар доираи оила мегузаронам.

- 71-солагиатонро қайд мекунед, агар аз 71 ба қафо нигаред, бештар ифтихор мекунед ё афсус мехуред?

- Ҳам ину ҳам он. Афсӯс мехӯрам, ки бисёри вақти худро зоеъ гузаронидам. Ман метавонистам зиёдтар кор кунам, асарҳову нақшҳои мондагорро ба мардум пешниҳод намоям... Муаллимамон дар донишгоҳ мегуфтанд: “Худованд ба ҳунарманд дар баробари истеъдод, бояд каме бахт ҳам диҳад”. Мутаассифона, дар бархе ҳолатҳо ҳамон бахт ё омад ба суроғи мо ҳунармандон намеояд ва нақшҳои мехостаамонро дастрас карда наметавонем. Аз ҷониби дигар, чун ҳоло ҳам қувваи фикриву ҷисмонӣ дорам, пас барои амалӣ кардани нақшаву ниятҳо вақт ҳаст ва аз ин шодам.

РӮЗЕ ШОҲУ РӮЗИ ДИГАР ДАРВЕШ, РӮЗЕ ЗОЛИМУ РӮЗИ ДИГАР МАЗЛУМ

- Шумо пас аз хатми ГИТИС аз соли 1976 то 1990 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор кардед ва аз 1990 то ҳол дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият мекунед. Яъне соли оянда расо 50 сол мешавад, ки шумо дар театр фаъолият доред. Бигӯед, ки тӯли ним аср як корро кардан, дар як касб мондан душвор нест?

- Агар касбатонро дӯст доред, ҳеҷ душворӣ надорад. Аз ҳамин ҷост, ки мегӯянд бояд ҳар кас касби дӯстдоштаашро интихоб кунад. Касбро, ки дӯст дошта истихоб кардӣ, то охири умр ба он содиқ мемонӣ. Аз ҷониби дигар, ҳунарпешагӣ касбест, ки ҳаррӯз чизе меомӯзӣ, дар шинохти персонаже, замоне, қавме талош мекунӣ ва коре мекунӣ, ки ҷомеа ба тарафи мусбат тағйир ёбад. Ин касби хастакунанда нест, зеро имрӯз нақши шоҳеро иҷро мекуниву моҳи дигар нақши деҳқон ё дарвешеро. Имрӯз аз забони золиме ҳарф мезаниву моҳи дигар ҳамчун мазлум ба саҳна мебароӣ.

- Оё тӯли қариб 50 соли фаъолиятатон ҳолате буд, ки ин соҳаро тарк кардан хоҳед?

- Буд чунин ҳолат. Замони ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки бекор будам дар андешаи иваз кардани касбу кор шудам, вале куҷо рафтану чӣ кор карданамро надонистам, зеро ин касбро ман тасодуфӣ интихоб накардаам, балки дӯст дошта интихоб намудаам. Замони мактабӣ саҳнаҳои гуногун мегузоштам ва шеърхонӣ мекардам. Падару модарам омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик буданд ва онҳо ба ман хеле кумак мекарданд, зеро мехостанд, ки яке аз фарзандонашон ҳунарманд шавад. Ҳатто модарам дар мактаб намоише таҳия карда буданд ва ман дар он нақш бозидам.

- Дуруст аст, ки мегӯянд, нақшҳои драмавии вазнин “заҳр” доранд, ки дар рӯҳи ҳунарпеша боқӣ мемонад?

- Новобаста ба таҷриба, ҳар асари нав, образи нав, нақши нав барои ҳунарманд ба осонӣ ба даст намеояд. Зеро ҳунарманд бояд нақшашро ҳаматарафа омӯзад ва бояд он нақшро то андозае иҷро кунад, ки нақшофариаш эҳсос нашавад. Як одами дигарро омӯхтан ва мисли он рафтору гуфтор кардан осон нест. Ҳамчунин, мо аз забону ҳолати қаҳрамонамон ба тамошобин паём мерасонем. Яъне агар он бад бошад, тарзе намоён мекунем, ки маҳкум ва агар нек бошад, пайравӣ карда шавад.

- Оё лаҳзаҳое буданд, ки шумо ҳамчун ҳунарпеша бо қарори коргардон ё ҳатто бо худи матни муаллиф норозигӣ баён карда бошед?

- Ин яке аз масъалаҳои нозуки кори мост. Мутаассифона, ҳолатҳое мешавад, ки нигоҳҳо гуногун мешаванд, тарзи иҷроишро коргардон як хелу ҳунарпеша дигар хел мебинад. Дар фаъолияти ман ҳам ин ҳолатҳо шудаанд, баҳсҳои зиёд ҳам доштем. Ҳатто баъзан кор то ҷое мерасад, ки бархе коргардонҳо аз рӯи кинаву ғарази шахсӣ барои ба нақшҳои дигар ҳам нарасидани ҳунарманд монеъ мешаванд.

- Дар чунин ҳолат театр зарар намебинад?

- Ин ҷо аз шахсияти одам вобаста аст. Бубинед, агар коргардон ба ҳунарпеша бигӯяд, ки ман коргардонам ва бояд тавре ки ман мегӯям ту иҷро кунӣ, ҳатто ҳақиқатро қабул накунад ё ҳунарпешае бигӯяд, ки ман фалон унвон дорам ва коргардон ба ман бояд тарзи иҷроишро ёд надиҳад ва ҳар ду кибру ғурурро аз кор боло бимонанд, ҳам ба зарари театр мешавад, ҳам ба зарари аҳли эҷод ва ҳам ба зарари ҷомеа. Аз ин хотир, шараф ба онҳое, ки баҳси солим мекунанд, ҳақиқатро қабул доранд ва ҳеҷ вақт манфити шахсиву ғаразро аз кору касб боло намемонанд.

- Драмаи классику муосир. Кадомаш ҳоло дардхурӣ ҷомеа аст?

- Чун ҳоло драматургияи боқувват надорем, театрҳоямон бисёртар аз рӯи асарҳои адибони классик намоиш таҳия мекунанд. Касби мо аз он ҷиҳат бисёр рисолати бузург дорад, ки мо минбар дорем. Мо аз минбар гап мезанем ва бисёр муҳим аст, ки аз минбар чӣ мегӯем: ҳақиқат ё дурӯғ. Аз ин хотир, мо асарҳое меҷӯем, ки дар онҳо ҳақиқат бошад ва онҳо бузургонаву хирадмандона гуфта шуда бошанд, то мардумро ба роҳи рост талқин намоем.

- Хатмкунандагони риштаи актёрӣ барои кор кардан ба театрҳо кам меоянд, оё ин мушкил роҳи ҳал дорад?

- Ман фикр мекунам, ки кам омадани хатмкунандагони риштаи актёрӣ ба театр ду паҳлу дорад. Якум, дар замони мо ба ҳар роҳе буд, ба ҳунармандон хона медоданд ё то навбаташон расидан, бо хобгоҳ таъмин мешуданд, ки ҳоло чунин имконро ҳунарпешаҳои ҷавон надоранд. Бубинед, оромии иқтисодӣ барои корманди эҷодӣ хеле муҳим аст, зеро вақти варақ задани асаре дар фикраш пули иҷораву сару либос ё хӯрока меояд. Дуюм, бисёриҳо аз рӯи ҳавас донишҷӯи риштаи актёрӣ шуда, боз аз рӯи ҳавас ба театр меоянд ва хаёлпарварона мегӯянд, ки дар муддате маъруфу муваффақ мегарданд, вале чун ҳақиқатро мебинанд, корро тарк мекунанд. Ҳамчунин, бачаҳои тасодуфӣ ҳам ҳастанд, ки мутаассифона донишу ҷаҳонбиниашон хеле кам аст.

- Пас аз солҳои тӯлонии ҳунарнамоӣ дар саҳна, оё ҳоло ҳам тарсу ҳаяҷон ҳаст?

- Агар 70 сол ҳам кор карда бошед, баробари рӯйи саҳна баромадан ҳаяҷону тарс ҳаст. Яъне ман Фирӯз Умаров ҳастам ва нақше, ки бояд иҷро кунам шояд шоҳ ё деҳқон аст. Яъне бояд аз худ берун шуда, ба нақш ворид гардам ва ҳамон вақт тарсу ҳаяҷон ҳаст. Пас аз чанд лаҳзаи аввал ҳамааш хуб мешавад.

- Театр дубл надорад, оё боре хато кардаед ва аз он чӣ гуна баромадаед?

- Ин гуна ҳолатҳо рух медиҳанд, вале офарин ба ҳунарманде, ки аз чунин ҳолатҳо ба хубӣ мебарояд.

- Қарсак барои ҳунарманд чӣ маъно дорад?

- Қарсак ҷавоб аст ба ҳунари мост. Мо чӣ гуна нақшамонро иҷро кардем? Пас аз намоиш оё тамошобин дигаргуние дар худ ҳис кард ё не? Мо аз тарзи қарсакзании тамошобин ба ин саволҳо посух мегирем. Барои ҳамин барои мо маънои махсус дорад.

ҲОФИЗ ШЕРОЗӢ, ЛОИҚ ШЕРАЛӢ ВА УМАРИ ХАЙЁМ

- Берун аз театр ба чӣ корҳо машғулед?

- Ростӣ, берун аз театр коре надорам. Танҳо дар театр мехоҳам чанд кореро пиёда гардонам, зеро умр ҳам ба ҷое расидааст. Чанд сол пеш аз ҳамаи достонҳои “Шоҳнома” намоише таҳия кардам бо номи “Зуҳури Суҳроб”, ҳоло бошад, онро мехоҳам ҳамчун моноспетакл рӯйи саҳна биёрам. Ҳамчунин, мехоҳам ба ҳамин монанд аз ашъори Ҳофиз Шерозӣ, Лоиқ Шералӣ ва Умари Хайём моноспетаклҳо таҳия намоям.

- Намоиши “Зуҳури Суҳроб”, ки бори дигар таҳия карданӣ ҳастед, ба бинандаи имрӯз чӣ паём дорад?

- Вақте ки Фаридун ба се писараш ҷаҳонро тақсим кардан мехоҳад, аввал ҳамаи онҳоро месанҷад. Аз рӯи қонуну қоидаи давр бояд писари калонӣ ҷойгузини падар шавад, аммо вақте ки Фаридун писарҳояшро месанҷад ва писари хурдии худро ҷойгузин таъин мекунад. Ин амали падар писарҳои калониро хашмгин мекунад ва аз рӯи рашку ҳасад онҳо Эраҷро ба қатл мерасонанд. Паёмаш ба хонандаи имрӯз маҳкуми ҷоҳталабист, ки хеле хислати бад аст.

- Чаро маҳз аз ашъори Ҳофиз Шерозӣ, Лоиқ Шералӣ ва Умари Хайём моноспетакл таҳия карданӣ ҳастед?

- Ба дили драматургони мо сахт нарасад, вале бояд бигӯям, ки мутаассифона, ҳоло асарҳои хуби саҳнавӣ аз ҷониби онҳо ниҳоят кам пешниҳод мешавад. Аз нуқтаи назари драматургия мо бисёр мелангем. Аз ин ҷост, ки ман ҳама орзуву ормонамро дар ашъори Ҳофиз Шерозӣ, Лоиқ Шералӣ ва Умари Хайём меёбам ва онҳо ҷовидонианд.

МЕРОС

- Шумо унвони “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”-ро доред ин унвон барои шумо бештар масъулият аст ё ифтихор?

- Пеш аз ҳама масъулият аст.

- Нақшҳои мондагори зиёд доред, ки мероси шумо ҳастанд. Бигӯед, ки берун аз саҳнаи театр боз чӣ мерос доред ва ба фарзандонатон чӣ мондан мехоҳед?

- Берун аз кори театрӣ мероси ман фарзандону наберагонам ҳастанд. Шукр, ҳоло фарзандонам кор карда истодаанд. Барои наберагонам мехоҳам, ки пеш аз ҳама донишманд бошанд, касберо интихоб кунанд, ки онро дӯст доранд ва аз таҳти дил барои мардум хизмат кунанд.

- Ба андешаи шумо бахшидан осон аст ё бахшиш пурсидан?

- Фикр мекунам, бахшидан душвортар аст.

- Ҳунар метавонад инсонро аз пирӣ нигоҳ дорад?

- То вақте ки инсон орзуву мақсади муайян дорад, қувват дорад ва ба пирӣ тан намедиҳад.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.