Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рекорд дар асри XXI. Мбаппе дар 26-солагӣ 400 гол ба самар расонд
Ҳамлавари бошгоҳи "Реал Мадрид" ва тими миллии Фаронса Килиан Мбаппе голи 400-умашро дар корномаи касбиаш ба самар расонд.
Футболбози фаронсавӣ дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Украина ду гол ва як партофти головар анҷом дод, ки дар корномааш голҳои 399 ва 400-ум ба ҳисоб мераванд.
Килиан Мбаппе дар асри XXI ҷавонтарин футболбоз шуд, ки дар корномаи касбиаш 400 гоҳ ба самар расондааст. Дар умум, дар таърихи футбол Мбаппе пас аз Пеле дуюмин футболбози ҷавон шуд, ки ба задани 400 гол дар 26-солагӣ ноил гардид. Ҳатто Криштиану Роналду дар 28-солагӣ ба ин омор расидааст.
Тибқи иттилои дастрас, Килиан Мбаппе дар дастаи Монако 27 гол, тими миллии Фаронса 55 гол, дастаи "ПСЖ" 256 гол ва бошгоҳи "Реал Мадрид" 62 гол ба самар расондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”