Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳолати иҷроиши лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” баррасӣ гардид
14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳбари миссия ва лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” аз ҷониби бонки мазкур Такаҳиро Ҳасуми, роҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон Раҳимҷон Асангазиев вохурӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки амалишавии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” нишонаи ҳамкории муштарак ва судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо бонки мазкур дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинони мамлакат мебошад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, дар ҳоли ҳозир лоиҳа аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳои муҳимтарини фосилавӣ, ки барои охири соли 2025 ба нақша гирифта шуда буданд, пеш аз муҳлат иҷро шуданд.
"Махсусан, дар қисми омӯзиши кадрҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи омӯзиши тибби оилавӣ нишондод ба маротиб зиёдтар иҷро карда шуд. Дар қисми тандурустии ҷамъиятӣ низ гуфта шуд, лоиҳа нишондиҳандаи нақшавиро барзиёд иҷро карда, 554 мутахассиси соҳаи тандурустӣ оид ба назорати эпидемиологиро (ҳадаф 500) ба омӯзиш фаро гирифт", - менависад манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо доир ба самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, нақшаи ҳамкориҳои оянда ва дигар бахшҳои муҳими лоиҳаи мазкур гуфтугӯи судманд анҷом дода, баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии хешро изҳор доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”