27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
15.11.2025 11:05

Сафири Эрон дар СММ: Теҳрон ҳич гоҳ зери фишор таслим намешавад

Сафир ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид Амирсаид Иравонӣ гуфт, ки Эрон дар баробари таҳдиду фишор ва иқдомҳои иҷборӣ ҳич гоҳ таслим нахоҳад шуд.

Тибқи гуфтаи ӯ, ҷавоби Эрон фақат ба эҳтиром, қонуният ва баробарӣ асос меёбад ва “таҷовузи низомиву терроризми иқтисодӣ ҳич вақт Теҳронро водор намекунад, ки аз ҳуқуқи қонунии худ даст кашад”.

Ӯ рӯзи ҷумъа дар маҷлиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ карда, афзуд, ки гузоришҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ бояд касбӣ, воқеӣ ва дур аз сиёсатгузорӣ бошанд, зеро эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ ба бетарафии ҳамин гузоришҳо вобаста мебошад.

Амирсаид Иравонӣ бо таъкид ба ҳаққи табиии кишварҳои дар ҳоли рушд барои истифодаи сулҳомези неруи атомӣ гуфт, ки “энергияи атомӣ барои рушди иқтисодӣ ва амнияти энергетикӣ як унсури зарурӣ” мебошад ва талошҳо барои маҳдуд кардани ин ҳақ “нақзи ҷиддии руҳ ва матни созишномаи NPT” мебошад.

Ӯ ҳамчунин, амали кишварҳои ғарбиро, ки дастрасии кишварҳои рӯ ба рушдро ба технологияҳои атомӣ маҳдуд мекунанд ва дар айни ҳол, ба режими Исроил, ки узви NPT нест, ин “меъёрҳои дугона” низоми ҷаҳонии пешгирии нашри силоҳҳои атомиро заиф месозад.

Сафири Эрон ҳамлаҳои артиши Исроил ба марказҳои атомии Эрон дар моҳи июни соли 2025-ро “амали таҷовузкорона ва ҷинояткорона” номид ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои ҳамдастӣ дар ин ҳамла муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, ин амалҳо “на фақат бар зидди Эрон, балки бар зидди эътибори СММ низоми пойдорсозии амнияти атомӣ” равона шудаанд.

Амирсаид Иравонӣ таъкид кард, ки бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ, ин ҳамлаҳо аз сӯи Агентии байнламилалии атомӣ, Шурои Амният ва ҳатто раиси Маҷмаи умумӣ маҳкум нашудаанд. Ӯ афзуд, ки “бо вуҷуди террор, таҳримҳои ғайриқонунӣ, хисорот ва ҳамлаҳои мустақим ба иншооти атомӣ Эрон ҳич вақт муқаррароти NPT ва ё уҳдадориҳои худ дар чорчӯби пойдорсозиро нақз накардааст”.

Ӯ таъкид намуд, ки боз доштани қисми равобити техникӣ бо Агентии байналмилалии атомӣ “натиҷаи мустақими ҳамлаҳои низомӣ” аст ва масъулияти он ба дӯши “таҷовузкорон мебошад, на қурбонӣ”.

Дар идома намояндаи Эрон ба бастани роҳҳои дипломатӣ аз ҷониби се кишвари аврупоӣ ишора карда, фаъолсозии механизми “моша”-и ин кишварҳоро “ғайриқонунӣ ва беэътибор” донист. Ӯ афзуд, ки бо анҷоми муҳлати қатъномаи 2231 дар 18 –уми октябри соли 2025, ҳамаи маҳдудиятҳои барҷомӣ хотима ёфтаанд ва ҳар талош барои баргардондани онҳо” сӯистифода аз равандҳои ҳуқуқӣ” аст.

“Эрон ҳич гоҳ дар баробари таҳдид таслим намешавад. Посухи мо фақат ба эҳтиром ва қонуният аст”- зикр намуд Амирсаид Иравонӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.