27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
15.11.2025 08:30

Муносибатҳои Русия ва Қазоқистон ба сатҳи “шарикии комили стратегӣ” расиданд

Баъди баргузории музокироти расмӣ дар Кремл, Президенти Федератсияи Русия ва Қазоқистон дирӯз санади муҳиммеро имзо намуданд, ки бар асоси он робитаҳои миёни ду кишвар ба сатҳи шарикии комил ва ҳампаймонии стратегӣ расиданд.

Владимир Путин ва Қосим-Жомарт Токаев дар ҳузури ҳайатҳои ду кишвар ин санадро ба имзо расонданд.

Владимир Путин таъкид намуд, ки робитаҳои Маскаву Остона ҳамвора дар ҳоли рушд буда, Русия талош дорад, ин ҳамкориро ба сатҳи баландтар бардорад. Ба гуфтаи ӯ, арзиши лоиҳаҳои муштараки дарназардоштаи ду кишвар ба даҳҳо миллиард доллар мерасад ва ширкатҳои қазоқистонӣ фаъолона дар Русия фаъолият доранд. Ҳамчунин, беш аз 90 фоизи муомилоти молӣ миён ду кишвар бо асъори миллӣ анҷом мешавад.

Президенти Русия гуфт, музокирот бо Қосим-Жомарт Токаев созандаву натиҷабахш аст ва дар он масъалаҳои байналмилалӣ, бахусус ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, имзои санади баланд боло бурдани сатҳи равобити ду кишвар ба “ҳамкории комил” яке аз натиҷаҳои муҳимми ин музокирот маҳсуб мешавад.

Президенти Федератсияи Русия ҳамчунин, хабар дод, ки ширкати “Газпром” имкони густариши интиқоли газ ба Қазоқистон, аз ҷумла ба минтақаҳои шимолӣ ва шарқии ин кишварро баррасӣ мекунад. Дар баробари ин, Маскав ва Остона дар мавриди афзоиши ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷи унсурҳои нодир низ музокира доранд.

Президенти Қазоқистон дар суханрониаш дар Кремл гуфт, ки миқёси ҳамкории ду кишвар “беназир” аст ва дар ҳамаи соҳаҳо идома дорад. Қосим Жомарт-Токаев таъкид намуд, ки ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои Остона ва Москав бо вуҷуди шароити мураккаби байналмилалӣ рӯ ба рушд мебошад.

Ӯ афзуд, ки санади нави ҳамкории комил нишондиҳандаи сатҳи баланди эътимод ва дурнамои робитаҳои ду кишвар мебошад. Ба гуфти Қосим Жомарт-Токаев Русия “муҳимтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузории Қазоқистон аст ва ду кишвар дар марҳилаи ниҳоии имзои қарордоди бунёди неругоҳи атомӣ дар Қазоқистон қарор доранд.

Қосим-Жомарт, Токаев ҳамчунин, аз Владимир Путин даъват кард, ки дар соли 2026 бо сафари расмӣ ба Қазоқистон ояд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл арзиши стратегии ин санади нави ҳамкориро таъкид карда буд. Ба навиштаи хабаргузории ТАСС Русия муносибатҳои хориҷии худро бо Эрон, Венесуэла, Индонезия, Чин, Кореяи Шимолӣ ва чанд кишвари дигар низ дар сатҳи “шарикии стратегӣ” қарор додааст.

Президенти Қазоқистон шоми сешанбе дар оғози сафари дурӯзаи худ ба Маскав дар Кремл бо Путин мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дода буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.