Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ман аз бозигарон тамоман шикоят надорам”. Шарҳи Марко Раҷини пас аз нокомӣ
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли сармураббии мунтахаби Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини ҳунарнамоии тими миллиро дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар даври гурӯҳӣ дар се бозӣ се бохт ба қайд гирифт, шарҳ дод.
Нахуст, Марко Раҷини гуфтааст, ки шикаст дар се бозии марҳилаи гурӯҳӣ маънои онро надорад, ки баромади даста нобарор буд. Балки футболбозони тоҷик имкон доштанд бо дастаҳои беҳтарини ҷаҳон рақобат кунанд.
“Ман аз бозигарон тамоман шикоят надорам. Ҳар яки онҳо дар майдон 100% кӯшиш карданд. Аммо воқеият ин аст, ки мо ҳанӯз ба сатҳи дастаҳои калон нарасидаем. Бешубҳа ба ин ноил хоҳем шуд, аммо танҳо бо вақти кофӣ ва нақшаи возеҳ”, - зикр кардааст сармураббӣ.
Марко Раҷини афзудааст: “Муваффақияти дастаҳои пурқувват натиҷаи чандинсолаи сармоягузорӣ дар инфрасохтор, таълими мураббиён ва системаҳои омӯзиш мебошад. Расидан ба сатҳи зарурӣ дар чунин мусобиқаҳо ба монанди Ҷоми ҷаҳон вақт ва сармоягузории назаррасро талаб мекунад”.
Ҳамчунин, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон (U-17) илова намудааст, ки дар муддати якуним соли фаъолияташ ҳар ваъдае, ки ба ФФТ додааст, иҷро намудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”