Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Вазири рушди иқтисод ва савдо ва як қатор сафирон дар хориҷ иваз шуданд
14-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, Абдураҳмонзода Абдураҳмон вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид.
Гуфта мешавад, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Италия таъин гардиданд.
Ҳамчунин, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Русия таъин шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари нави Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба беҳсозии таҳлилҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳу василаҳои нави пешрафту тараққиёт, тезонидани раванди рақамикунонӣ ва истифодаи босамар аз имконоти зеҳни сунъӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ таъиншуда дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар дар мадди аввал гузоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”