Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба омӯзгори тоҷик мошин туҳфа карданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ба муаллими тоҷик Ориф Партоев мошин тӯҳфа карданд.
Ориф Партоев омӯзгори забони русии МТМУ 24-и деҳаи Ҷербулоқи ноҳияи Темурмалик буда, муддати 18 сол барои дарс додан дар мактаби мазкур 8 километр роҳро пиёда тай мекард.
Чанде пеш як гурӯҳ фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда буданд, ки бо ёрии мардуми саховатманд ба муаллим мошине харидорӣ кунанд, вале худи муаллим ба ин иқдом зид баромад.
Гуфта мешавад, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Шӯрои Маҷлиси федералии Русия Валентина Матвиенко дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе ба муаллим Ориф Партоев мошинро тақдим намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”