Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Молу амвол ба маблағи 27 миллион сомонӣ наҷот дода шуд. Пайомади сӯхтор дар бозори Панҷакент
Шоми 12-уми ноябр дар бозори "Гулистон"-и шаҳри Панҷакент сӯхтор сар зада, масоҳати 600 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Тибқи иттилои Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон, ба ҷойи ҳодиса 7 нақлиёти оташнишонӣ ва 4 нақлиёти обкашонӣ бо 87 нафар сафарбар гардида, сӯхтор соати 02:30 дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки дар вақти азназаргузаронӣ ҷойи ҳодиса муайян гардид, ки 280 нуқтаи фурӯши савдо дар зери соябонҳо қарордошта ва 20 мағозае, ки дар ҳамшафати бозор ба фурӯши молу ашёҳои рӯзғор ва сару либос машғул буданд, аз сӯхтор зарар диданд.
“Аз коми оташ тақрибан ба маблағи 27 миллион сомонӣ молу амволи бозори мазкур ва манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ наҷот дода шуд”, - зикр мешавад дар иттилоия.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки сабаб ва гунаҳкор аз ҷониби мутахассисони соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор муайян карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”