Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Зеҳни сунъӣ барои хонандагон - дӯст ё душмани омӯзиш?
Дар солҳои ахир зеҳни сунъӣ ба яке аз василаҳои бисёристифодашаванда дар зиндагии рӯзмарраи хонандагон табдил шудааст. Аз кумак дар иҷрои корҳои хонагӣ то тавлиди матлаб ва посух додан ба суолҳои дарсӣ. Ин технология роҳҳои нави омӯзишро шакл медиҳад. Аммо оё ин тағйир ҳамеша ба суди рушд ва камоли кӯдакон аст?
Хонандаи синфи шашум ҳар боре, ки бо масъалаи душвори риёзӣ рӯ ба рӯ мешавад, ба ҷойи андешидан ба чатботи зеҳни сунъии худ муроҷиат мекунад. Нозанин барои навиштани иншои ҳафтаина фақат як ҷумла медиҳад ва баъд аз чанд сония як матни пурра мегирад. Амиралӣ низ бо ёрии як барномаи ҳушманд лоиҳаи техникии илмии худро бидуни хондани ҳатто як сатр омода мекунад. Ин фақат чанд намуна аз воқеиятҳои нав дар зиндагии таълимии кӯдакони имрӯз мебошад.
Бо вуҷуди ҳама бартариҳояш агар зеҳни сунъӣ бидуни назорат ва омӯзиши дуруст вориди ҷаҳони кӯдакон шавад, метавонад ба ҷойи таҳкими омӯзиш онро заиф гардонад.
Ҳасан Исломиён, равоншиноси эронӣ ва устоди донишгоҳ муҳимтарин осебҳои маърифатӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва амниятиро, ки аз истифодаи нодурусти кӯдакон аз зеҳни сунъӣ сар мезананд, баррасӣ мекунад ва роҳҳои амни истифода аз технологияро пениҳод менамояд.
Доктор Исломиён мегӯяд, ки истифодаи нодуруст аз зеҳни сунъӣ метавонад ба равандҳои омӯзиш ва рушди фикрии кӯдак осебҳои ҷиддӣ ворид намояд. Баъзе аз ин осебҳо иборат аз ин аст:
Такяи аз ҳад беш ба абзорҳои зеҳни сунъӣ, монанди ChatGPT барои иҷрои вазифаҳои дарсӣ боиси аз даст рафтани имкони кӯшиш, хато ва омӯзиши амиқ мегардад. Зеҳни сунъӣ посухи ниҳоиро ба осонтарин роҳ пешниҳод мекунад ва ин раванд тафаккури таҳлилӣ ва интиқодиро бозмедорад.
Вақте ки мундариҷа ба воситаи зеҳни сунъӣ истеҳсол мешавад ва ҷавобҳо омода мешаванд, кӯдак эҳтиёҷ ба эҷоди идеяро эҳсос намекунад. Ин ҳолат имкони рушди қобилиятҳои фикрии эҷодӣ ва навоварии ӯро маҳдуд месозад.
Ин равоншинос ҳамчунин, ба паёмадҳои равонӣ ва иҷтимоӣ ишора мекунад, ки ба рушди эҳсосӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва саломатии руҳии кӯдак таъсир мегузоранд:
Мубодилаи беш аз ҳадди кӯдак бо бот ё системаҳои зеҳни сунъӣ метавонад ҷойгузини муоширати воқеии инсонӣ гардад. Ин амал боиси танҳоӣ, коҳиши малакаҳои иҷтимоӣ ва вобастагии эҳсосии кӯдак ба мавҷудоти ғайриинсонӣ мешавад.
Зеҳни сунъӣ фаҳми воқеӣ аз арзишҳои ахлоқӣ ва эҳсосотии инсонӣ надорад. Агар қисми зиёди муоширати кӯдак бо он сурат гирад, метавонад дар дарки нозукиҳои ахлоқӣ ва масъулиятҳои иҷтимоии худ бо ҳамсолон ва аҳли оила душворӣ эҳсос кунад.
Истифодаи филтрҳои зеҳни сунъӣ ё абзорҳои таҳрири сурат метавонад дарки кӯдак аз воқеиятро таҳриф кунад ва ӯро аз зоҳири худ норозӣ созад. Ҳамчунин, иттилооти баромада аз зеҳни сунъӣ метавонад боис гардад, ки кӯдак ба қобилиятҳои фикрии худ шубҳа кунад, ки ин ба пастшавии эҳсоси худбаҳодиҳӣ меорад.
Мутахассиси эронӣ дар бахши дигар ба масъалаҳои ҳимояи иттилоот ва амнияти рақамӣ ишора карда, меафзояд, ки бисёре аз барномаҳои зеҳни сунъӣ, ки дар шакли авликатсия ё чатбот мебошанд, барои беҳтар намудани коркарди худ иттилооти вуруди корбарро, аз ҷумла суолҳо, завқҳо ва ҳатто иттилооти шахсӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Ҳифзи мухфияти кӯдакон бо назардошти нотавонии онҳо дар дарки хавфҳо хеле осебпазир мебошад.
Ҳарчанд системаҳо филтргузорӣ шудаанд, аммо комил нестанд. Кӯдакони кунҷков метавонанд бо додани суолҳои махсус зеҳни сунъиро нохоста ба тавлиди мундариҷаи номуносиб, зӯроварона ё нигаронкунанда водор созанд.
Баъзе аз барномаҳои зеҳни сунъӣ метавонад нуқсонҳои амниятӣ дошта бошанд, ки иттилооти кӯдаконро дар хатари ҳамлаҳои фишинг ё муҳандисии иҷтимоӣ қарор диҳанд.
Дар қисмати поён доктор Исломиён маҷмуае аз тасвияҳои амалӣ барои волидон, муаллимон ва сиёсатгузорони соҳаи маориф пешниҳод мекунад.
Омӯзиши саводи расонаӣ. Волидайн бояд ба кӯдакон биомӯзанд, ки зеҳни сунъӣ фақат як абзор аст ва бояд ҳамеша натиҷаҳои онро бо суолҳои интиқодӣ зери шубҳа гузоранд;
Кӯдаконро бояд омӯзонанд, ки аз зеҳни сунъӣ барои корҳои омӯзишии ҳамкорон ва пажӯҳишӣ истифода кунанд, на барои гирифтани посухи ниҳоӣ. Ҳамкорӣ бо волидон дар ин раванд шуурнокии онҳоро боло мебарад;
Волидайн бояд итминон ҳосил кунанд, ки фарзандонашон фақат аз абзорҳои махсус барои кӯдакон ва мутобиқ бо қонунҳои ҳифзи иттилоот истифода мекунанд;
Замони истифода аз зеҳни сунъӣ бояд дар доираи умумии вақти экранӣ ҷой дода шавад ва ивазкунандаи фаъолияти муҳимми ҷисмонӣ, бозии рӯ ба рӯ ё хондани китоб нашавад;
Кӯдак бояд нахуст бо кӯшиши худ ё аз китоб ва манбаъҳои суннатӣ истифода кунад ва фақат дар поён зеҳни сунъиро чун ёвари тасдиқкунанда истифода намояд;
Аз филтрҳои мундариҷавӣ ва назорати волидайн дар браузерҳо ва дастгоҳҳо истифода шавад, то кӯдак аз мундариҷаи носолим дур монад;
Ба кӯдак фаҳмонед, ки натиҷаҳои зеҳни сунъӣ ҳамеша дуруст нестанд. Ӯ бояд онҳоро ба ҳадди ақали ду манбаи боэътимод муқоиса кунад;
Ба ҷои қабули посух кӯдакро ташвиқ кунед, ки аз зеҳни сунъӣ пурсад: “Чӣ гуна ба ин посух расидӣ?” ё “манбаъҳоят кадомҳоянд?”;
Кӯдаак бояд бидонад, ки ҳаргиз иттилооти шахсии худро ба ҳич василаи рақамӣ, ҳатто агар он зеҳни сунъӣ бошад, надиҳад;
Ба кӯдак фаҳмонед, ки зеҳни сунъӣ аз рӯи додаҳои мавҷуда омӯзиш дода мешавад ва эҳтимол дорад нохоста ғаразҳои фарҳангӣ, нажодӣ ва ҷинсиро инъикос кунад;
Ба кӯдак кумак кунед, то онро барои фаҳмондани мавзуъҳое, ки дар онҳо заъф дорад, истифода кунад, на фақат барои гирифтани посухҳо;
Волидайн бояд худ аз истифодаи технологияи мутавозин ва огоҳ бошанд, агар онҳо ҳамеша бо дастгоҳ саргарм бошанд, кӯдак низ ин рафторро табиӣ мешуморад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”