Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ. Ташкили “Кӯчаи сайёҳӣ” дар Боғи Куруши Кабир
Тавре ки аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳанд, дар Боғи Куруши Кабир “Кӯчаи сайёҳӣ” ташкил карда шуд.
Ба навиштаи манбаъ, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, таъмини фазои фарҳангии пойтахт ва фароғати сокинону меҳмонони он дар доираи тақвияти ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон дар Боғи Куруши Кабир кӯчаи сайёҳии мавсимӣ ташкил карда шуд.
Гуфта мешавад, ки “Кӯчаи сайёҳӣ” дар Боғи Куруши Кабир дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2025 аз ҷониби ширкати “Ҳафт Иқлим Барман”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии “Сайёҳати диёр” ташкил шуда, аз 11-ум ноябр то 11-уми декабри соли равон фаъолият менамояд.
Дар “Кӯчаи сайёҳӣ”-и Боғи Куруши Кабир баргузории барномаҳои фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, хӯрок ва хӯришҳо, шириниҳо ва обҳои ташнашикани Тоҷикистону Эрон, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ, намоиши театрӣ, гӯшаи аксбардорӣ бо либосҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ дар назар аст.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”