Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бо суръати пасти интернет кор мекунад. Дар Тоҷикистон паёмрасони ORIZ фаъол гардид
Бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК “Тоҷиктелеком” паёмрасони нави миллӣ бо номи ORIZ ба фаъолият оғоз кард.
Тавре ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, паёмрасони ORIZ барои таъмини иртиботи осон, босифат ва бехатар миёни шаҳрвандони кишвар, тоҷикони бурунмарзӣ ва тамоми корбарони интернет таҳия гардида, ҳадафи он фароҳам овардани муҳити рақамии ватанӣ ва боэътимод мебошад.
Гуфта мешавад, ки дастрасӣ ба ORIZ дар тамоми кишварҳои олам имконпазир аст. Он имкони ирсоли паёмҳои матнӣ, овозӣ ва видеоиро фароҳам меорад.
“Яке аз бартарияҳои муҳими ORIZ ин самаранокӣ дар шароити суръати пасти интернет мебошад. Азбаски серверҳо ва маркази маълумоти он дар дохили кишвар ҷойгир шудаанд, корбарон метавонанд ҳатто бо интернети пастсуръат низ паём ирсол кунанд, занг зананд ё видеоконфронс баргузор намоянд”, - гуфта мешавад дар хабарнома.
Иттилоъ дода мешавад, ки ORIZ ба корбарон чунин имкон медиҳад: ирсоли паёмҳои матнӣ ва овозӣ, зангҳои видеоӣ ва овозӣ, эҷоди гурӯҳҳо ва каналҳо барои муошират, ирсоли файлҳо, аксҳо ва видеоҳо бе маҳдудият ва ташкили видеоконфронсҳо тавассути пайванд, ҳатто бе сабти ном.
Барнома барои телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия низ дастрас мебошад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”