Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рӯдакӣ: Ба истифода додани бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод
Бинои нави маъмурии шуъбачаи милитсияи деҳоти Зайнабободи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба истифода дода шуд.
Бинои нави маъмурии милитсияи деҳоти Зайнабободи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Дар бино қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгир буда, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ, компютерҳои замонавӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ба минтақаи хизматии милитсияи деҳот 58 ҳазор нафар аз аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Зайнабобод, Султонобод ва Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешавад.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода кормандони милитсияи деҳоти Зайнабободи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Рӯдакиро даъват намуд, ки мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубро таҳким бахшида, бо шаҳрвандон хушмуомила ва дар ҳамкории зич вусъат диҳанд.
Вазири корҳои дохилӣ ба собиқадорони милитсия ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Сипоснома тақдим намуд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”