27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
11.11.2025 09:46

Дар шаҳри Душанбе беш аз 3 миллион гули лола мешинонанд

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе бо ҳадафи ба шаҳри “сабз” табдил додани шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолнишонии тирамоҳи соли 2025 дар ҳудуди пойтахт 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонда хоҳад шуд.

Дар ин хусус хабаргузории “Ховар” иттилоъ дода, менависад, ки талошу тадбирҳои пайвастаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррам кардани пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзакорию ободгардонӣ ва гулзору гулпӯш намудани мамлакат сарчашма мегирад. Имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони кишвар вазифаи хеш медонанд ва дар пайи анҷом додани он ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми декабри соли 2018, аз соли 2019 то ба ин сӯ, дар тамоми кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” гузаронда мешавад. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида хоҳанд шуд.

Бар асоси иттилоъ, барои беҳтар намудани фестивали гулҳо зери номи “Сайри гули лола” Кумитаи рушди маҳал, вазоратҳои кишоварзӣ ва фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои хоҷагии манзилию каммуналӣ, телевизиону радио, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонону варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон вазифадор шудаанд.

Хабаргузории “Ховар” менависад, ки нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонии миллати тоҷик ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола муҳраҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср қабл аз мелодро фаро мегиранд. Дар асрҳои III-V-и мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳраҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.