Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Бо ханда хӯрок омода мекунем”. Чӣ тавр як оила ҷавон арзишҳои оиладориро тарғиб мекунад?
Фаридун Мухторов ва Азиза Мухтороваро корбарони сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ хуб мешиносанд. Онҳо ба таҳия наворҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ машғуланд. Аммо дар наворҳои онҳо ба ҷуз ҳаҷв, тарғиби муносибати солим, якдигарфаҳмӣ дар оила, забони муҳаббати якдигарро донистан, кумак ба ҳамдигар ва ғайраҳоро метавон мушоҳида кард. Ҳар навори онҳо паём дорад, паёми хуб ва роҳнамо барои дигар ҷавонон. Ҳамзамон, онҳо дар наворҳояшон ба омода кардани хӯроку хӯришу шириниҳо машғул мешаванд ва бо ин васила ба обуначиёнашон дастурамалҳои зиёд пешниҳод мекунанд.
Dialog.tj бо Фаридун Мухторов доир ба махсусияти пешбурди блоги оилавӣ суҳбат кард.
ШИНОСОӢ
- Тавре мушоҳида кардем, саҳифаи шумо солҳои зиёд мешавад фаъол аст, аммо дар аввал ҳамчун як саҳифаи шахсӣ фаъол буд. Бигӯед, ки кай ва чӣ гуна тасмим гирифтед, ки ба фаъолияти блогерӣ пардозед ва мунтазам навор таҳия кунед?
- Аслан, саҳифаи @azizka.m аз ҳамсарам аст. Агар хато накунам, соли 2013 ё 2014 онро фаъол карда буд. Он вақт танҳо як саҳифаи шахсӣ буд ва ӯ лаҳзаҳои зиндагиаморо мубодила мекард, дар бораи қиссаи муҳаббатамон нақл менамуд. Бо вуҷуди ин, то блогер шудан, тақрибан 27 ҳазор обуначӣ ҷамъ шуда буд ва ин ҳама бидуни рекламаи пулакӣ.
Пурра ба фаъолияти блогерӣ машғул шуданамон аз он ҷо сар шуд, ки ӯ мунтазам саҳифаашро пеш намебурд, балки чанд рӯз кор мекард ва боз танаффус менамуд. Сипас, ман ба ӯ гуфтам, ки агар тӯли як моҳ бидуни танаффус ҳар рӯз наворе таҳия кунад, ягон хоҳишашро иҷро мекунам. Дар ин росто, ӯ шарт гузошт, ки ин корро як ҷо анҷом медиҳем ва агар муваффақ шудем, ҳамроҳи кӯдакон ба Дубай меравем.
Ҳамин тавр, роҳи тӯлонии блогерии мо оғоз шуд. Мо ба тамоми қувва корро сар кардем ва ҳама фикру хаёламон блог шуд.
- Дар мавриди блогер шудани як оила ҷавон атрофиён чӣ гуна бархурд карданд, оё аз наздикон буданд касоне, ки зид бошанд?
- Дар асл, ягон кас зид набуду нест. Ин ташаббуси худи мост. Мо бо ин кор машғулем, вале “контент”-е надорем, ки боиси баҳс ё шармандагӣ бошад. Ҳама чиз одӣ, оилавӣ, самимӣ ва бо эҳтиром аст.
- Дар кадом соҳа таҳсил намудаед ва оё аз рӯи ихтисос кор кардаед?
- Мо маълумоти олӣ дорем. Ҳамсарам Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия хатм кардааст. Ман се маълумот дорам: коллеҷи рассомӣ, донишкадаи педагогӣ (ихтисоси забони фаронсавӣ) ва боз дар соҳаи иқтисод ва андозбандӣ таҳсил кардаам. Вале аз рӯи ихтисос кор накардаем. Ҳоло ба ҷуз фаъолияти блогерӣ, ба фурӯши либосҳои занона ва кӯдакона машғулем.
САҲИФАИ ЯК ОИЛАИ ХУШБАХТ
- Саҳифаи шумо оилавӣ аст ва дар он муҳити орому осудаву хушбахтонаи як оилаи ҷавон нишон дода мешавад. Оё дар ҳақиқат шумо ҳамин гунаед?
- Дар умум, мо як оилаи одӣ ва ба ҳама арзишҳои инсонӣ ва оиладорӣ арҷгузор ҳастем. Вале ҳеҷ гоҳ мо худамонро барои дигарон ҳамчун оилаи намунавӣ нишон додан намехоҳем. Дар мавриди наворҳоямон бошад, бояд бигӯям, ки аксари қаҳрамонҳои наворҳоямон сохтаанд ва мо танҳо нақш мебозем. Аудиторияи мо медонад, ки жанри наворҳои мо ҳаҷвӣ аст.
- Шумо дар наворҳоятон нишон медиҳед, ки мард бояд дар ҳама кор ба ҳамсараш кумак кунад. Вале дар ҷомеаи мо на ҳама ин гуна муносибатро дарк мекунанд. Бигӯед, ки чӣ гуна вокунишҳо мешунавед? Оё шарҳҳои баду нохуб менависанд?
- Шарҳи бад ҳамеша буд, ҳаст ва дар оянда ҳам мешавад. Дар аввал вақте ки мо кам-кам зиндагии худро нишон медодем, ман бисёр вақт ба шарҳҳои манфӣ боэҳсос посух медодам. Аммо баъдтар ба хулосае омадам, ки ин одамон арзиши асабу вақти сарфшудаи маро надоранд. Ҳоло оромона муносибат мекунам. Ба танқид ҳам одӣ менигарам. Зеро вақте мо чизеро нишон медиҳем, баъзеҳо намехоҳанд ҳақиқатро қабул кунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки кумак ба зан дар корҳои хона кори мардони ҳақиқӣ нест. Фикр мекунанд, ки шустани зарф, ҷорӯб задани хона, оббозии кӯдакон ё тайёр кардани хӯрок вазифаи зан аст. Аммо ман фикр мекунам, ки хона танҳо хонаи зан нест, хонаи мард ҳам ҳаст. Аз ин рӯ, ба гапҳои баду нохуб аҳамият намедиҳам, баръакс вақте ки ба ҳамсарам ёрӣ медиҳам, худро хурсанду хушбахт ҳис мекунам.
- Наворҳои шумо бисёр ҷолибанд, зеро дар баробари дар жанри “вайн” буданашон, дастурамалҳои гуногуни омода кардани хӯроку хӯришҳоро пешниҳод мекунед. Бигӯед, ки чӣ гуна тасмими фуд-блогер шуданро кардед?
- Аслан, мо худро фуд-блогер намедонем. Балки бештар ба ҳаҷвӣ шудани наворҳоямон кӯшиш мекунем. Дар мавриди хӯрокҳо бошад, ҳаминро гуфта метавонем, ки барои аудитория мехоҳем аз ягон ҷиҳат фоидаовар бошем. Яъне гоҳ ман ва гоҳи дигар ҳамсарам хӯрокҳоеро, ки худамон дӯст медорем ва бисёр болаззат ҳастанд, омода мекунем, то ки дигарон ҳам инро бидонанду бикунанд.
- Дастурамалҳои хӯрокҳоро аз куҷо меёбед ва оё худатон хӯроки муаллифӣ доред?
- Мо хӯроки муаллифӣ надорем ва ҳеҷ гоҳ ҳам нагуфтаем, ки фалон хӯрокро худамон ихтироъ кардаем. Дастурамалҳоро аз интернет мегирем ва омода мекунем.
- Як ҷиҳати ҷолибии наворҳои шумо дар он аст, ки сенарияи боқувват доранд. Суханҳое гуфта мешаванд, ки воқеан ҳам дар бештари хонаҳо садо медиҳанд ва умуман мардумиву табииянд. Бигӯед, ки сенарияҳоро худатон менависед ё муаллиф доред?
- Дар аксари ҳолат, идеяву сенарияҳоро ҳамсарам пешниҳод мекунад. Сипас, мо дар болои калимаву ибораҳои маъмулу ҳаҷвӣ як ҷо фикр мекунем. Умуман, масъули кори эҷодӣ ҳамсараму корҳои техникӣ ман ҳастам. Нақшҳоро байни ҳам тақсим мекунем ва ҳамчунин, бояд бигӯям, ки ӯ дар бештар ҳолат ҳам нақши келин ва ҳам нақши хушдоманро иҷро мекунад.
- Ҳамсаратон нақши хушдоманро мебозанд ва баъзан хушдомани гандаро. Бигӯед, ки модаратон аз ин кор хафа намешаванд?
- Модари ман хуб дарк мекунанд, ки кори ҳамсарам танҳо офаридани нақш аст ва он кас ҳаҷвро хуб мефаҳманд. Ҳамчунин, он кас аз персонажҳои офаридаи ҳамсарам ба кулли фарқ доранд. Аммо аз рӯйи шунидамон бархе занҳо дар ин персонажҳо модари шавҳари худро мебинанду мешиносанд.
- Ҳоло хеле фаъолед ва наворҳои зиёд нашр мекунед, омода кардани як навор чанд соат вақти шуморо мегирад?
- Аз сабабе, ки ҳоло бештари наворҳоямон ба хӯрокпазӣ алоқа доранд, вақти муайянро гуфта наметавонам. Аз ҳама муҳим сенарияи хуб аст. Мо саҳнаҳоро сабт мекунем ва пасон ба хӯрокпазӣ машғул мешавем. Аммо омода шудани хӯрокҳо вақти гуногунро мегирад. Сипас, ман ба танзим машғул мешавам, ки тақрибан ду соат бидуни танаффус кор мекунам. Ҳамин тавр, тахминан метавон гуфт, ки аз 6-8 соат то тамоми рӯзро таҳияи як навор мегирад.
- Шудааст ҳолате, ки навореро дар саҳифаатон гузошта бошед, вале пасон онро нест кунед?
- Не, чунин амалӣ нашудааст. Зеро то ҳол наворе таҳияву нашр накардаем, ки хилофи арзишҳо, ақида ва фикррониамон бошад.
- Дар кадом мавзуъҳо умуман навор намекунед?
- Росташро гӯям, мо ҳатто дар бораи ин фикр намекунем. Он чизеро ки ба мо маъқул нест, сабт намекунем. Яъне қоидаи махсусе надорем, ки бояд дар фалон мавзуъ нагӯем.
БЛОГИНГ ДАР ТОҶИКИСТОН
- Соли гузашта шумо ҷоизаи “Блогери сол” (Вайнери сол)-ро ба даст оварда будед ва дар суханрониатон гуфтед, ки боварӣ надоштед. Бигӯед, ки ҷоиза гирифтану қадр шудани меҳнатҳо барои шумо чӣ маъно дорад, оё илҳом зиёд мегардад, оё масъулият бештар мешавад?
- Дуруст аст, ки мо бовар надоштем ва то лаҳзаи номи ҳамсарамро гирифтан, интизор ҳам набудем. Балки барои дастгирии ҳамкорон рафта будему ҳеҷ тайёрии махсус надидем. Вале ин бисёр хушоянд аст ва хоҳ-нохоҳ масъулиятро зиёд мекунад. Умедворам, ки боз як рӯз чунин лаҳзаи хубро такрор хоҳем кард.
- Ба фикри шумо ҳоло блогинги тоҷик дар кадом сатҳ аст?
- Дар ин ҷаҳон чизе дар як ҷо намеистад. Ҳама чиз пеш меравад, ҳаракат мекунад, рушд мекунад.Чизе мушаххас гуфта наметавонам, эҳтимол, ҳамааш хуб аст. Вале росташро гӯям, ман махсус ба блогерҳои дигар пайгирӣ намекунам. Аз ҳамин сабаб, наметавонам чизе мушаххас бигӯям.
- Баъзан мебинем, ки бархе ба ном блогеронро барои наворҳои баду суханҳои қабеҳ милитсия аз 7 то 14 рӯз зиндонӣ мекунад. Чунин касонро блогер ҳам мегӯянд. Ба андешаи шумо чӣ бояд кард, ки онҳо номи блогинг ва блогеронро сиёҳ накунанд?
- Ман онҳоро намефаҳмам, аниқтараш фаҳмида наметавонам. Намефаҳмам, ки онҳо чӣ гуна наворҳои бемаъноро нашр мекунанд, худро шарманда мекунанд ва чӣ гуна ба рӯи хешовандонашон, волидонашон ё наздиконашон нигоҳ мекунанд. Ман ҳеҷ гоҳ чунин кор карда наметавонам. Вале умедворам, ки онҳо як рӯз ба худ меоянд ва чунин кори беҳударо бас мекунанд.
- Оё блогинг дар кишвари мо соҳаи боқадр аст ё ҳоло ҳам мавқеи даркориро наёфтааст?
- Моро соли гузашта ба Қазоқистон даъват карда буданд. Дар баробари мо, блогерон аз Туркия, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок карданд. Қазоқҳо ба мо маконҳои зебову таърихии кишварашонро нишон доданд. Ҳамон вақт дарк кардам, ки соҳаи блогинг дар он ҷо хеле пешрафтааст ва мо то андозаи онҳо ҳоло нарасидаем. Ҳоло мардум ба блогерҳо ба таври бояду шояд бовар надоранд, зеро сиёҳкунандагони номи ин соҳа хеле зиёданд.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”