Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Сомон Эйр” мехоҳад 14 ҳавопаймои муосири Boeing харидорӣ кунад
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар дод, ки нақша дорад 14 ҳавопаймои нави ширкати Boeing-ро харидорӣ кунад.
Бар асоси нақшаи расмии ширкати “Сомон Эйр” ин бузургтарин фармоиши таърихии ширкат ба ҳисоб меравад ва дар доираи он ҳавопаймои навъи 787 Dreamliner ва 737 MAX харидорӣ мешаванд.
Тибқи созишномаи пешбинишуда “Сомон Эйр” бори аввал ният дорад, то чор ҳавопаймои васеъқад (широкофюзеляжный) — навъи 787-9 Dreamliner ба даст орад.
Ин ҳавопаймоҳо барои роҳандозӣ намудани хатсайрҳои нави байниконтиненталӣ аз шаҳри Душанбе истифода хоҳанд шуд.
Манбаъ меафзояд, ки ворид шудани ҳавопаймоҳои нави “Dreamliner” ба ширкати “Сомон Эйр” имконият медиҳад, ки ҷуғрофияи парвозҳои худро густариш дода, сатҳи роҳатии мусофиронро дар хатсайрҳои дарозу тӯлонӣ боло барад.
Илова бар ин, ширкат ният дорад бо харидории то даҳ ҳавопаймои навъи 737-8 флоти худро навсозӣ кунад. Ин навъи ҳавопаймоҳо барои хатсайрҳои кӯтоҳ ва миёна истифода хоҳанд шуд, ки боиси афзоиши шумораи парвозҳо, беҳтар гардидани хизматрасонӣ ва баланд бардоштани суръати интиқоли мусофирон мегардад.
Ба гуфтаи масъулони “Сомон Эйр”, иҷрои ин қарордод қадами муҳим дар таҳкими мавқеи ширкат дар бозори байналмилалии авиатранспорт буда, ҳамзамон ба рушди зерсохтори ҳавонавардӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”