27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
10.11.2025 16:46

Дар беморхонаи ба номи Бурӣ Воҳидов хизматрасонии ройгони тиббиро ба роҳ монданд

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва рафти корҳои таъмирӣ ба Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов сафар кард.

Дар ин хусус маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, аз қавли сартабиби беморхона Холмирзо Давлатзода меафзояд, ки муаассисаи мазкур дорои 610 ҷойи хоб буда, 21 шуъбаи табобатӣ ва 9 шуъбаи ёрирасонро дарбар мегирад.

Зикр шуд, ки дар беморхона 1196 корманд фаъолият доранд, ки аз онҳо 167 нафар табиб, 658 нафар корманди миёнаи тиббӣ, 315 нафар корманди поёнии тиббӣ ва 56 нафар корманди техникӣ мебошанд. 

Дар давоми 9 моҳи соли равон 13 духтур курси такмили ихтисосро гузаштаанд, ки аз онҳо шаш нафар дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд. Сатҳи тахассусии касбии духтурон 75, 5 фоиз ва кормадони миёнаи тиббӣ 62, 2 фоизро ташкил медиҳад. 

Дар ин муддат ба маъюбон, ниёзмандон ва шаҳрвандони камбизот хизматрасониҳои тиббии ройгон ба маблағи беш аз 380 ҳазор сомонӣ пешниҳод гардидааст. Ҳар рӯз беш аз 200 нафар ба беморхона муроҷиат мекунанд. Шуъбаҳои беморхона бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, табобатӣ ва ҷарроҳӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамасола усулҳои нави ташхис ва муолиҷа ҷорӣ мегарданд.

Дар давоми 9 моҳи соли равон дар самтҳои урология, травматология ва ортопедия ҷарроҳии умумӣ ва рагҳо, ҳамчунин гаастроэнтерология 11 усули инноваатсионии табобат ва ҷарроҳӣ нахустин бор ҷори карда шудаанд.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.