Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Таниши Толибон ва Покистон таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти лоиҳаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ
Шиддат гирифтани низоъ миёни ҳаракати террористии Толибон, гуруҳи мусаллаҳи таҳрики Толибони Покистон ва ҳукумати Покистон хатарҳои ҷиддиро барои амнияти Осиёи Марказӣ ба вуҷуд овардааст.
Тибқи таъкиди коршиносон чунин ноустуворӣ метавонад ба манфиати Ғарб бошад, зеро иҷрои роҳҳои стратегии заминӣ, ки барои Чин аҳамияти калидӣ доранд, суст мегардад.
Бузургтарин таҳдид, ба таъкиди таҳлилгарон “содироти эҳтимолии экстремизм” ба кишварҳои ҳамсоя мебошад. Ҳарчанд Толибон бештар ба идораи дохилӣ машғул мебошанд, гурӯҳҳои радикалӣ, аз ҷумла Давлати Исломии Хуросон ва Ансуруллоҳ мекӯшанд нуфузи худро дар кишварҳои ҳаммарз густариш диҳанд.
Шиддати фазоянда ҳамчунин ба иҷрои лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ таҳдид мекунад. Аз ҷумла, лоиҳаҳои интиқоли ТАПИ, шабакаи энергетикии CASA-100 ва роҳи оҳани Тирмиз-Пешовар, ки барои Ӯзбекистон ба ҳайси пайванди муҳими дастрасӣ ба баҳр арзиш дорад, дар зери хатари қатъ ё боздошт қарор гирифтаанд.
Таҳлилгарон таъкид намуданд, ки амнияти Афғонистон калиди суботи тамоми Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Аз ин рӯ, сулҳ миёни Афғонистон ва Покистон шарти муҳими иҷрои муваффақонаи ҳамаи ташаббусҳои нақлиётӣ ва энергетикии байналмилалӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”