Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ гуфт Эрон омода аст миёни Толибон ва Покистон сулҳ андозад
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ гуфт, Теҳрон аз идомаи танишҳои миёни Афғонистону Покистон, ки баъд аз авҷи даргириҳои хунини марзии миёни ду кишвари ҳамсоя ба миён омада аст, нигарон мебошад.
Сайид Аббос Ироқчӣ, дар суҳбати телефонӣ бо Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ таъкид кард, ки Эрон омода аст дар коҳиш додани танишҳо ва барқарор кардани сулҳ миёни ду кишвари мусалмон кумак расонад.
Дипломати аршади эронӣ ҳамчунин, муҳим будани таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба барои таъмин кардани ҳиссаи оби Эрон аз дарёи Ҳарирудро таъкид кардааст.
Дар моҳи гузашта артиши Покистон ва Афғонистон бо ҳам ҷанг карданд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар кушта шуд. Ин ҳодиса бадтарин ҳолати афзоиши танишҳои миёни ду кишвар аз замони ба ҳокимият расидани Толибон мебошад.
Ду кишвари ҳамоя мувофиқи созишномаи оташбас рӯзи 19-уми октябр дар Давҳа дар нахустин даври музокирот бо миёнҷигарии Қатар ва Туркия ба созиш расиданд.
Бо вуҷуди ин, даври дуюми музокирот дар Истанбул, бидуни ба даст овардани созиши дарозмуддат анҷом ёфт.
Даври сеюми музокирот рӯзи панҷшанбе дар Истанбул оғоз гардид, вале гуфтугӯҳо рӯзи баъд ба бунбаст расиданд.
Аз ҷониби дигар, Вазири корҳои хориҷии Афғонистон аз нияти нек ва ҳусни нияти Эрон дар мавриди ин масъала истиқбол намуда, шарҳи муфассали вазъияти кунунӣ ва натиҷаи гуфтугӯҳои миёни Кобул ва Исломободро ироа намудааст.
Эрон омодагии худ барои миёнҷигарӣ дар танишҳои Покистон-Афғонистонро тасдиқ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”