Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҷоми Хайём, “Рубоиёти Хайём” ва 1000 доллар. Ҷамъбасти Олимпиадаи байналмилалии “KhIMIO-2025
9-уми ноябр Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO-2025” ҷамъбаст гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф хабар медиҳад, дар маросими ҷамъбасти озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зикр намуд, ки “KhIMIO-2025” на танҳо майдони рақобати хонандагони лаёқатманд, балки василаи муҳимми баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хонандагон дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин муаррифии истеъдодҳои ҷавон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO-2025”, ки аз 5-ум то 9-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 96 хонанда аз 8 кишвари дунё иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 хонанда аз панҷ минтақа аз шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки натиҷаи бадастовардаи кишварҳо чунин аст: Тоҷикистон - 8 ҷой, Белорус - 4 ҷой, Қазоқистон - 8 ҷой, Қирғизистон - 10 ҷой, Ӯзбекистон - 7 ҷой, Туркманистон - 2 ҷой ба даст оварданд. Дастаҳои Арманистон ва Шоҳигарии Камбоҷа бидуни ҷойи намунавӣ озмунро ҷамъбаст карданд.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дастаҳое, ки миқдори зиёди ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд, бо Шоҳҷоиза - Ҷоми Хайём, китоби “Рубоиёти Хайём”, сертификат ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА сарфароз гардонида шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”