27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
08.11.2025 08:50

Гросси: “Барои масъалаи атомии Эрон роҳи дипломатӣ пайдо хоҳад шуд”

Рафаэл Гросси, директори кулли Агентии байналмилалии атомӣ бо ишора ба изҳороти президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, Вашингтон омодаи музокира бо Эрон аст. Ӯ зикр кард, ки дар ниҳоят барои масъалаи атомии Эрон роҳи ҳалли дипломатӣ пайдо хоҳад шуд.

Ӯ дар суҳбат бо рӯзномаи олмонизабони “Neue Zürcher Zeitung” итминон дод, ки низоъҳои вобаста ба Барномаи атомии Эрон ба воситаи роҳҳои дипломатӣ ҳал хоҳанд шуд.

Ӯ дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳиди Амрико, ки гуфааст, Вашингтон барои оғози музокироти нав бо Эрон омодааст, афзуд: “Шунидани чунин суханон воқеан умедворкунанда аст. Ман бовар дорам, ки роҳи ҳалли дипломатӣ имконпазир мебошад.

Ин изҳороти хеле ҷиддии Президенти Амрико буд. Мо наметавонем гузашта, яъне истифода аз зӯриро иваз кунем, аммо нишастан пушти мизи музокира моро аз хатари даври нави ҳамлаҳо ва бомбаборонҳо наҷот медиҳад”-  гуфт ӯ.

Ӯ дубора иддао намуд, ки Эрон гӯё 400 килограмм урани 60 фоиза дар ихтиёр дорад ва таъкид намуд, ки бахши зиёди ин мавод дар муассисаҳои атомии Исфаҳон, Фардо ва қисме дар Натанз нигаҳдорӣ мешаванд.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон дар хусуси ҳамкории Агентии байналмилалии атомӣ бо Теҳрон зикр кард, ки “Эрон ба бозгашти таҳримҳо вокуниш нишон дод, вале комилан манфӣ не. Эрониҳо гуфтанд, ки ҳанӯз фазои дипломатӣ вуҷуд дорад ва онҳо аз созишномаи манъи густариши силоҳи атомӣ хориҷ нашудаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, дипломатия ба сабру фаҳми дуҷониба вобаста мебошад ва ӯ итминон дод, ки расидан ба роҳи ҳалли дипломатӣ дар мавриди Барномаи атомии Эрон комилан имконпазир аст.

Ба навиштаи расанаҳои эронӣ Барномаи сулҳомези атомии Эрон ҳамеша зери фишор ва иттиҳомҳои беасоси Ғарб қарор дошт. Қабл аз имзои созишномаи Барномаи иқдоми ҷомеаи муштарак кишварҳои аврупоӣ талош намуданд, бо амниятӣ намудани масъала фишор, таҳрим ва таҳдиди низомиро истифода кунанд, аммо боз шудани парвандаи “абъоди эҳтимолии низомӣ” дар соли 2015 ин баҳонаро аз миён бурд.

Эрон баъди имзои Барномаи иқдоми ҷомеаи муштарак ба ҳама уҳдадориҳои худ содиқ монд, вале Иёлоти Муттаҳида соли 2018 ба таври якҷониба аз созиш хориҷ гардид ва Аврупо низ натавонист уҳдадориҳояшро иҷро намояд. Дар натиҷа Эрон дар доираи ҳуқуқи худ қадамҳоеро барои коҳиши уҳдадориҳои худ бардошт.

Бо вуҷуди ин, Эрон дар ҳафт соли ахир ҳамаи роҳҳои дипломатиро бо ҳусни ният паймуд, вале талаботи беохир ва ғайримантиқии Ғарб, бахусус ИМА ва Аврупо ин талошҳоро ба бунбаст кашонд.

Эрон борҳо таъкид намудааст, ки барои созиши устувор ва боэътимод, ки таҳримҳоро ба таври кафолатнок лағв кунад ва аз сӯйистифода дар оянда пешгирӣ намояд, омода мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.