Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
ЮНЕСКО “Силиндри Куруши Кабир”-ро яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи инсон эътироф кард
Созмони илм, фарҳанг ва маорифи Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти 43-юми Конфронси Генералии худ, ки рӯзи 6-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанд доир шуд, “Силиндри Куруши Кабир” -ро расман яке аз аввалин санадҳои таърихии ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон эътироф намуд.
Ин тасмим бо ҷонибдории кишварҳои узви ЮНЕСКО қабул шуд, ки аҳамияти таърихиву арзиши умумибашарии ин асари бостонии эрониро собит мекунад.
Силиндри Куруши Кабир, ки дар соли 539-и то мелод навишта шудааст, як санади гилинӣ бо хатти мехии аккадӣ мебошад, ки дар шаҳри Бобул ёфт шуд ва сиёсати инсондӯстонаву таҳаммулгароёнаи Куруши Бузугрро баъди фатҳи шаҳр бозтоб медиҳад. Дар он аз озодии ғуломон, эҳтиром ба фарҳанг, забону динҳои миллатҳои тасхиршуда ёд шудааст.
ЮНЕСКО дар қарорномаи худ зикр кардааст, ки ин санад аз қадаминтарин намунаҳои сабтшудаи эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабӣ ба шумор меравад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин иқдоми ЮНЕСКО бори дигар нақши таърихии Эронро дар ҳифзи мероси умумибашарӣ ва тарвиҷи арзишҳои ҷаҳонӣ таъкид менамояд.
Ин рӯйдоди таърихӣ, ба таъкиди мақомоти ЮНЕСКО далели устувори вафодории ин созмон ба рисолати худ, яъне таҳкими сулҳ ба воситаи фарҳанг, маориф ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”