Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аббос Ироқчӣ: “Ҳамкории Эрону Русияву Чин дар муқобила бо сиёсатҳои Амрико муҳим аст”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ дар суҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И масъалаҳои робитаҳои дуҷониба ва рӯйдодҳои ахири минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кард. Мавзуи асосии ин суҳбат ҳамкории муштараки Эрон, Чин ва Русия барои муқобила бо сиёсатҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд.
Сайид Аббос Ироқчӣ аз мавқеи устувор ва масъулонаи Чин дар Шурои Амнияти СММ истиқбол намуд, ки бар зидди татбиқи механизме ба номи “Снепбэк”, яъне барқарорсозии таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид бар зидди Эрон равона шудааст.
Вазири хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуд, ки ҳамкории сегонаи Эрон, Чин ва Русия дар муқобила бо сиёсатҳои якҷонибаи Амрико ва баъзе кишварҳои аврупоӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид бисёр муҳим буд ва ҳамовозии 121 кишвари узви ин ниҳод дар доираи ин сиёсат қадами бисёр мусбат дар ин роҳ аст.
Аббос Ироқчӣ ҳамчунин, аз амалҳои таҳрикдиҳандаи режими Исроил дар минтақаи ғарбии Осиё изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, ки “бар зидди сиёсати таҷовузкорона ва ҳукмфармоёнаи ин режим иқдомҳои ҷиддӣ анҷом диҳад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”