27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
08.11.2025 08:17

Расонаи фаронсавӣ: Пайвастани Қазоқистон ба “Паймони Иброҳим” фақат як иқдоми рамзӣ аст

Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон шаби панҷшанбе дар шарҳи пайвастани худ ба “Паймони Иброҳим” гуфт, ки ин амал "табиӣ ва мантиқӣ” буда, вале хабаргузории Франс-пресс онро фақат як иқдоми рамзӣ арзёбӣ кард.

“Пайвастани мо ба “Паймони Иброҳим”, ки аз қабл низ пешбинӣ гардид, идомаи табиӣ ва мантиқии сиёсатҳои хориҷии Қазоқистон мебошад, ки ба асоси гуфтугӯ, эҳтироми мутақобил ва суботи минтақавӣ устувор аст”- зикр кардааст Ҳукумати Қазоқистон.

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс ин тасмими Қазоқистон бештар хислати рамзӣ дорад, зеро ин кишвари Осиёи Марказӣ қаблан низ бо Исроил робитаҳои дипломатӣ барқарор карда буд.

Стив Уиткофф, намояндаи хоси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар корҳои Ховари Миёна шаби панҷшанбе гуфт, ки “як кишвари дигар ҳам шомили паймони созиш бо Исроил хоҳад шуд”.

Франс-пресс ба нақл аз Рейтерз навишт, як мансабдори баландпояи амрикоӣ, ки номаш ошкор нашудааст, гуфт, ин кишвар Қазоқистон аст.

Паймони маъруф ба “Иброҳим”, ки дар даври нахустини президентии Доналд Трамп имзо шуда буд, боиси одисозии робитаҳои Исроил бо кишварҳое чун Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Марокаш гардид.

Тибқи ин гузориш, ҳоло ҳукумати Амрико кӯшиш дорад Арабистони Саудиро низ ба ин раванд ҷалб кунад, аммо Риёз таъкид кардааст, ки бидуни пешрафти воқеӣ дар роҳи таъсиси кишвари мустақили Фаластин чунин созиш имкон надорад. Ин мавқеъ бо эътирози ошкори ҷиноҳи ростгарои режими саҳюнистӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Бетсалел Смотрич, Вазири молияи режими саҳюнистӣ чанде қабл дар нишасти дохилӣ гуфта буд, ки “агар Арабистон ба мо бигӯяд, одисозӣ дар ивази давлати Фаластин, посухи мо ин аст: не, сипос. Ба савор шудани шутур дар саҳро идома диҳед, мо низ ба бунёди як қудрати бузурги технологӣ идома медиҳем”.

Ӯ соате баъд аз ин изҳорот бо нашри видеое дар шабакаи иҷтимоии “Х” узр хосту гуфт: “Суханам дар хусуси Арабистон комилан номуносиб буданд ва барои таҳқире, ки ба миён омад, узр мехоҳам”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.