27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ҷойи якум 10 ҳазор сомонӣ. Вазорати фарҳанг ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро қадрдонӣ кард
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи театри тоҷик дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид ва дар он муовини якуми вазири фарҳанг Назариён О.О. ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии драмнависон ҷоиза супурд.
Тавре ки пештар хабар дода будем, Вазорати фарҳанг Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон карда буд ва аз моҳи март то моҳи сентябри соли ҷорӣ давом кард.
Ҳамин тавр, ҷойи якум ба драмаи Ҷумъа Қуддус - «Нури Истиқлол» дода шуд. Ҷойи дуюмро драмаи мазҳакавии Абдувадуд Файзиев - «Дар орзуи шавҳар» гирифт. Мақоми сеюм насиби драмаи Нарзулло Шарифов - «Доми ғафлат» гардид.
Гуфта мешавад, ки ба ғолиби ҷойи якум 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 8 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм 6 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, Ато Ҳамдам бо драмаи «Нури мино», Шодӣ Солеҳ бо драмаи «Яке рафту саг ҷакид» ва Абдуғаффори Абдуҷаббор бо драмаи рамзии «Муқовимат» сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба ҳар кадом 3 ҳазор сомонӣ дода шуд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур нахустнамоиши «Ричарди III» дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлаталӣ Убайдуллозода манзури тамошобинон гашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”