Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бозии муҳим. “Истиқлол” бо “Ал-Завраа”-и Ироқ рақобат мекунад
Шоми имрӯз бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 бо дастаи “Ал-Завраа”-и Ироқ бозӣ мекунад.
Вохӯрии мазкур дар Варзишгоҳи “Ал-Завраа”-и шаҳри Бағдод соати 21:00 бо вақти Душанбе барпо мегардад.
Гуфта мешавад, ки "Истиқлол" бо пироҳани сурх ва "Ал-Завраа" бо пироҳани сафед ба майдон баромада, вохӯрии мазкурро гурӯҳи доварон аз АМА ҳакамӣ мекунанд.
Тавре маълум аст, дар ҳоли ҳозир дар гурӯҳи “D” бошгоҳи “Ал-Наср” бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Истиқлол” бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм буда, рақиби имрӯзааш “Ал-Завраа” бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм мебошад. Дастаи “Гоа” бошад, бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ ҷой гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 бо дастаи “Ал-Завраа”-и Ироқ дар майдони худ бозӣ карда, бо ҳисоби 2:1 ғолиб гардида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”