27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
05.11.2025 09:02

Бохтар: Боздошту ҷаримаи се ҷавон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз боздошту ҷаримаи се ҷавон дар Бохтар хабар медиҳад.

Дар иттолоия гуфта мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавонзан ва як нафар ҷавонмард инъикос ёфтааст. Муайян гардид, ки нафарони дар навор инъикосёфта Латипов Меҳровар Акбарович санаи таваллудаш 12.10.1995, сокини шаҳри Бохтар, Ҷураева Тоҷинисо Далерҷоновна санаи таваллудаш 25.01.2002 ва Ҷураева Нилуфар Далерҷоновна санаи таваллудаш 10.04.1995 ҳар ду хоҳарон истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷайҳун мебошанд.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки шаҳрванд Латипов Меҳровар дар вақти шабона ҳангоми машғул шудан ба кироякашӣ ба ҷавонзанон пешниҳоди хизматрасонӣ аз воситаи нақлиёт менамояд, дар ҳамин ҳол хоҳарон Ҷураеваҳо ҷавоби рад дода, ронандаро дашном менамоянд. Сипас байни онҳо дар оғоз муноқишаи лафзӣ ва баъдан аз гиребони ҳамдигар кашидан рух медиҳад”, - зикр мегардад дар хабарномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон.

Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ҳар се дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба Латипов Меҳровар ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда баробар ба 750 сомонӣ ва нисбат ба хоҳарон Ҷураеваҳо ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳандагӣ баробар ба 525 сомонӣ таъин гардид.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.