27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба табрики Фарзона рафт
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба дидорбинӣ ва табрики Фарзонаи Хуҷандӣ Шоири халқии Тоҷикистон рафт.
Ин шоири шинохтаи тоҷик дирӯз, 3-юми ноябр, ба синни 61-солагӣ расид. Раиси вилоят зимни мулоқот Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаро ба муносибати рӯзи мавлудашон самимона табрик гуфта, ба ӯ тандурустии бардавом ва саодати рӯзгорро таманно намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо ашъори пурмаъно шеъри муосири тоҷикро ҷилои тоза бахшида, ки маҷмуаҳои шеърии ӯ, аз ҷумла “Барги сабз”, “Тулӯъи хандарез”, “Шабохуни барқ”, “Ояти ишқ”, “То бекаронаҳо”, “Меъроҷи шабнам”, “Қатрае аз Мӯлиён”, “Як ғунча роз”, “Муҳри гули мино”, “Сад барги ғазал”, “Саду як ғазал”, “Себарга”, “Парниёни ҷон”, “Ҳама гул, ҳама тарона”, инчунин девонҳои “Найшакар”, “Найсон”, “Ношири баҳор”, “Арғунуни офтоб”, “Модарнома” ва чандин китобҳои дигар дар дохил ва хориҷи кишвар бо истиқболи гарми хонандагон рӯ ба рӯ шудаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳм ва хизматҳои шоёни Фарзонаро дар рушди адабиёти муосири тоҷик арзишманд арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки эҷодиёти пурмазмуни ӯ минбаъд низ барои тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ хизмат хоҳад кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона барои ҳусни таваҷҷуҳ ба роҳбарияти олии кишвар миннатдории худро изҳор дошт.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

