Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Раванди ҷарроҳӣ ва барқароршавӣ осон гардид. Дар Панҷакент аввалин маротиба ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд
Мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ба панҷ нафар бемори сокини шаҳри мазкур якчанд амалҳои нави ҷарроҳӣ, ки дар минтақа аввалин маротиба мебошанд, бомуваффақият гузарониданд.
Тавре ки маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад, аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва дар ҳамкорӣ бо табибони маҳаллӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба беморон амалҳои бартараф намудани чурраҳои девори пеши шикам, чурраҳои қадкашак бо гузоштани тури синтетикӣ композитикӣ ва экстирпатсияи бачадон бо тарзи лапароскопӣ анҷом дода шуданд.
Гуфта мешавад, ки қаблан гирифторони чунин бемориҳо дар шаҳри мазкур ба таври анъанавӣ, яъне кушода ва бо тариқи буриши ҷисми бемор ҷарроҳӣ мешуданд, ки ин ҳолат муҳлати табобат ва барқароршавии саломатии беморонро зиёд мегардонид.
“Ба назари мутахассисони соҳа, бо истифода аз иҷрои амали нави ҷарроҳӣ давраи барқароршавии беморон аз як ҳафта то ба як шабонарӯз кутоҳ мегардад. Беморон агар пештар ба таври анъанавӣ ҷарроҳӣ шуда, 6-7 рӯз дар беморхона бистарӣ мегаштанд, пас аз иҷрои амалҳои миниивазивӣ баъди як шабонарӯз ба хона рухсат дода мешаванд. Дар баробари ин, бемороне, ки бо буриши анъанавӣ ҷарроҳӣ мешуданд, аз 4 то 6 моҳ наметавонистанд, ки пурра ба фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул шаванд. Баъди иҷрои амалҳои миниивазивӣ давраи барқароршавии беморон 1 моҳ идома ёфта, баъди он беморон метавонанд ба фаъолияти меҳнатӣ пардозанд”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”