Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Озмуни “Беҳтарин ролик дар васфи Пешвои миллат” эълон гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, озмуни “Беҳтарин ролик дар васфи Пешвои миллат”-ро эълон кард.
Ба навиштаи манбаъ, роликҳое, ки ба озмун пешниҳод мегарданд, бояд фаъолияти пурсамар, талошҳои созанда ва хидматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, амнияту субот ва рушди устувори ҷомеа инъикос намоянд.
Гуфта мешавад, ки наворҳо бояд бо сифати хуб ва мундариҷаи тарбиявию ватандӯстона пешниҳод гардида, ҳаҷми онҳо то 5 дақиқа бошад.
Манбаъ меафзояд, ки мукофотпулӣ барои ҷойи якум 20 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Муҳлати қабули наворҳо ба озмун то 14-уми ноябр мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”