27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
03.11.2025 14:09

Гутерриш: «Вақте хабарнигорон хомӯш мешаванд, ҷаҳониён садои худро аз даст медиҳанд»

Антонио Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бо ишора ба афзоиши хатару таҳдидҳо зидди хабарнигорон дар саросари ҷаҳон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки аз озодии расонаҳо ҳимоят намуда, ба ҷиноятҳои зидди намояндагони матбуот поёни қонунӣ диҳанд.

Ӯ рӯзи якшанбе, 2-уми ноябр ба муносибати «Рӯзи ҷаҳонии поён додан ба масуният аз ҷазо барои ҷиноятҳо алайҳи хабарнигорон» изҳор дошт, ки шумораи зиёди рӯзноманигорон дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ҷони худро аз даст медиҳанд.

Гутерреш таъкид кард: «Вақте хабарнигорон хомӯш мешаванд, мо ҳама садои худро аз даст медиҳем».

Ӯ аз давлатҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ даъват намуд, ки барои ҳифзи озодии матбуот иқдом кунанд, омилони хушунат алайҳи хабарнигоронро ҷавобгар созанд ва шароите фароҳам оваранд, ки намояндагони расонаҳо тавонанд бе тарсу таҳдид фаъолияти худро идома диҳанд.

Ба навиштаи Кумитаи ҳимояи хабарнигорон (CPJ), се соли ахир аз хатарноктарин давраҳо барои фаъолони расонаӣ будааст. Танҳо дар соли гузашта беш аз 125 хабарнигор ва корманди ВАО ҷони худро аз даст додаанд.

Ин кумита бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши хушунат алайҳи рӯзноманигорон, ислоҳоти амиқ дар равандҳои таҳқиқ ва пайгарди қонунӣ нисбат ба омилони куштори онҳо талаб кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.