27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
03.11.2025 11:38

Афғонистон: Фавти беш аз 20 нафар бар асари заминларза

Бар асари заминларза дар Афғонистон беш аз 20 нафар ба ҳалокат расид ва наздик ба 320 нафар дигар маҷруҳ шуданд. Шумораи қурбониёни ин зилзила ба эҳтимоли зиёд рӯ ба афзоиш аст.

Ба гузориши Хадамоти Геофизикии АМИТ ин заминларза 3-уми ноябри соли 2025, соати 01:29 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он 236 километр ҷанубу-ғарби шаҳри Душанбе, 80 километр ҷанубу-ғарби ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон, 322 километр аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон буд.

Хадамоти геологии ИМА хабар дод, ки қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 6,3 бал буд ва умқи он ба 28 км мерасид.

Ҳокимони маҳаллии Афғонистон аз ҳалокату маҷруҳ шудани одамон дар ин зилзила хабар доданд. Дар гузорише, ки 1news.az/news/ то кунун бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ пахш кард, наздик ба 320 нафар ҷароҳат бардоштанд ва шумораи ҷонбохтагони зилзила то кунун 20 нафар эълон шуд.

Мақомот гуфтаанд, ки маркази заминларза каме дуртар аз шаҳри Мазори Шариф буд. 

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҶТ хабар додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.