Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
92 фоиз дар як моҳ. Дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ кадом шаҳру ноҳия пешсаф аст?
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки давоми як моҳи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 92 фоиз иҷро гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд.
Гуфта мешавад, ки дар як моҳи даъват ба сафи Артиши миллӣ нақшаи пешбинишуда дар вилояти Суғд 82 фоизро ташкил дода, то ин вақт шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон онро пурра иҷро намуданд.
Нақшаи даъват дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 90 фоиз иҷро гардидааст. Аз ҷумла ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун ва Файзобод нақшаро пурра иҷро карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”