Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Имсол ҳам бидуни “Шоҳҷоиза”. Озмуни “Илм фурӯғи маърифат" ҷамъбаст гардид
1-уми ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуд, ки дар он ғолибон қадрдонӣ гардиданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” имсол аз рӯйи 8 номинатсия – математика (арифметика, алгебра), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир гардид. Дар ин росто, бояд гуфт, ки дар ҳар бахш вобаста ба синну сол байни хонандагон мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки имсол озмуни мазкур дар умум 156 нафар ғолиб дошт. 26 нафар соҳиби ҷойи якум, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ҷойи сеюм шуданд.
Тавре ки иттилоъ дода мешавад, дар ҳар бахш ба як нафар соҳиби ҷойи аввал 70 ҳазор сомонӣ, ду нафар ғолиби ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва 3 ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Маблағи “Шоҳҷоиза”-и озмун 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст, вале имсол ҳам ҳайати ҳакамон довталаби сазоворро пайдо накардаанд, ки сазовори он гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”