Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ҳоҷӣ Бонк” барои нашри наворҳои ғайриахлоқӣ дастгир шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки ба нашри наворҳои ғайриахлоқӣ машғул буд.
Гуфта мешавад, ки Ганҷалов Ҳоҷибек, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Ҳоҷӣ Бонк” шинохта шудааст, барои нашри наворҳои ғайриахлоқӣ ва дорои пур аз алфози қабеҳ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур дастгир карда шуд.
“Бар замми таъкидҳои ҳамешагӣ, мутаассифона чунин афрод берун аз доираи одобу ахлоқ ва этикаи истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ амал намуда, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиён ва ба даст овардани манфиати молиявӣ даст ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ мезананд”, - зикр мегардад дар иттилоияи РВКД дар шаҳри Душанбе.
Манбаъ меафзояд, ки бо назардошти ба таъкидҳои қаблӣ беэътиноӣ намудан ва итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия нисбат ба Ганҷалов Ҳ., бо моддаи 479 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”