27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
31.10.2025 16:08

“Барои рафтори дағалона бо мизоҷ...”. Ошхонаи “Султон-2016”-ро бастанд

Нашрияи “Паёми Душанбе” бо такя ба маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки фаъолияти ошхонаи ҶДММ “Султон-2016” боз дошта шуд.

Манбаъ меафзояд, ки дар асоси шикояти шаҳрвандон аз ҷониби Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳолати воқеии ошхонаи ҶДММ “Султон-2016” мавриди санҷиш қарор гирифт.

“Ҳамин тавр, барои риоя накардани қоидаҳои хизматрасонӣ, рафтори дағалона бо мизоҷ, маҷбурӣ пеш намудани мизоҷон аз утоқҳои алоҳидаи ошхона ва ба таври зарурӣ ба роҳ намондани хизматрасонӣ реҷаи кории ошхонаи мазкур бекор карда шуда, то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияташ боз дошта шуд”, - зикр мегардад дар хабарнома.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба сатҳи пасти савдову хизматрасонӣ, риоя нагардидани талаботи санитарӣ, дағалона муносибат кардан бо мизоҷон ва дигар камбудиҳои ҷойдошта шаҳрвандон метавонанд ба Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги МИҲД-и ш. Душанбе муроҷиат намоянд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.