Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хоҳиши Месси рад шуд. Қарори ғайриинтизори Лигаи футболи Арабистони Саудӣ
Футболбози маъруфи аргентинӣ Лео Месси тавассути намояндаҳояш ба Лигаи футболи Арабистони Саудӣ муроҷиат кардааст, ки дар чор моҳи танаффуси чемпионати Амрико метавонад барои ҳолати варзишиашро аз даст надодан ба ҳайати яке аз дастаҳои арабӣ шомил гардад. Вале аз Арабистони Саудӣ қарори ғайриинтизор бароварданд, хоҳиши футболбозро рад кардаанд.
“Лигаи футболи Арабистони Саудӣ ҷойи тамрину ба дигар мусобиқаҳо омода шудан нест”, - гуфтааст вазири варзиши Арабистони Саудӣ.
Дар ин росто, бояд бигӯем, ки дастаҳои Арабистони Саудӣ бо шартномаҳои ҳангуфт Лео Мессиро ба ҳайати худ ҷалб карданӣ буданд, вале футболбоз ҳама пешниҳодҳоро рад карда буд.
Ҳоло Лео Месси дар чемпионати Амрико дар бошгоҳи “Интер-Майами” ҳунарнамоӣ мекунад ва ният дорад дар Чемпионати Ҷаҳон-2026 баромад кунад. Азбаски чемпионати Амрико зудтар ба анҷом мерасад ва фтуболбозон қариб чор моҳ танаффус доранд, ӯ хостааст, ки барои нигоҳ доштани ҳолати варзишиаш дар Лигаи футболи Арабистони Саудӣ баромад кунад, вале муваффақ нашудааст.
Агар ин кор мешуд, эътимол буд, ки ду устураи футбол Криштиану Роналду ва Лео Месси боз муқобили ҳам рақобат мекарданд ё зиёдтар аз ин, ҳамдаста мешуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Лео Мессии 38-сола гуфта буд, ки дар Чемпионати Ҷаҳон-2026 баромад намекунад, вале бо гузашти вақт фикрашро тағйир дод ва ҳоло ба қарорест, ки дар мусобиқаи бошукуҳ иштирок менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”