27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
“Андалеб-2025” ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян гардиданд
Дирӯз, 29-уми октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷамъбасти Ҷашнвора-озмуни “Андалеб-2025” баргузор гашт.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дастаи ҳаваскори санъат” аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоҳҷоизаи Ҷашнвора-озмуни “Андалеб-2025”-ро соҳиб шуд.
Ҳамин тавр, ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ҷойи якум, дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияҳои Муъминобод, Файзобод ва шаҳри Панҷакент ҷойи дуюм, ҳаваскорони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Рӯшон ва шаҳри Ҳисор сазовари ҷойи сеюм гардиданд.
Бояд гуфт, ки “Андалеб-2025” аз рӯйи наминатсияҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ, суруди ҳамсароён, навозиши умумӣ, навозиши якка, рақси якка, хор, намоиши либосҳои миллӣ, намоиши порча аз ҷашну анъанаҳои мардумӣ, сурудҳои анъанавӣ, бахши ҳаҷвӣ ва ғайра баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвора-озмуни “Андалеб-2025” аз моҳи июн то моҳи октябр дар се давр гузаронида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”