27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
30.10.2025 10:31

Ҷумъа Қуддус ҷойи якум. Вазорати фарҳанг озмуни драманависонро ҷамъбаст кард

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар 7 моҳи соли 2025 ба озмуни мазкур аз ҷониби муаллифони гуногун 19 асар пешниҳод гардид. Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамон пас аз баррасӣ ҷойи якумро ба драмаи Ҷумъа Қуддус “Нури Истиқлол” сазовор донист. Ҷойи дуюм ба мазҳакаи Абдувадут Файзиев “Дар орзуи шавҳар” ва ҷойи сеюм ба драмаи Нарзулло Шарифов “Доми ғафлат” дода шуд.

Гуфта мешавад, ки се мукофоти ҳавасмандкунӣ ба драмаҳои Ато Ҳамдам “Нури мино”, Шодӣ Солеҳ “Яке рафту саг ҷакид” ва Абдуғаффори Абдуҷаббор “Муқовимат” лоиқ дониста шуданд.

“Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти асарҳои драмавӣ дар мавзӯи муосир таҷассумгари дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодии марҳилаҳои нави таърихӣ, дигаргуниҳои куллии рӯзафзун, мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби даврон, кашфи чеҳраҳои қаҳрамонҳои замони мо Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон карда буд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки асарҳои ғолибон дар шакли маҷмуаи алоҳида ба табъ расида, барои таҳия ба театрҳои касбии ҷумҳурӣ тавсия дода мешаванд.

Маросими мукофотсупорӣ дар Рӯзи театри тоҷик баргузор мегардад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.