Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Шикаст бо ҳисоби 6:2. “Истиқлол” дарвозаи “Равшан”-ро голборон кард
Дар доираи даври 20-уми Лигаи олӣ бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки вохӯрии дастаҳои мазкурро “классико”-и футболи тоҷик меноманд, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт.
Бозии мазкур бо ҳисоби калони 6:2 ба фоидаи бошгоҳи “Истиқлол” ба анҷом расид.
Бояд гуфт, ки нахуст Аянвале Олаолува, футболбози дастаи “Равшан” дар дақиқаи 11-уми ҳисоби бозиро кушод. Сипас, Рустам Соиров, аз ҳайати “Истиқлол” дар дақиқаи 22-юм тӯбро ба дарвозаи “Равшан” ворид кард.
Ҳамин тавр, Сиёваш Ҳақназарӣ (дақиқаи 27-ум), Амирбек Ҷӯрабоев (дақиқаи 43-юм), Эҳсони Панҷшанбе (дақиқаи 78-ум), Масрур Ғафуров (дақиқаи 80-ум) ва Шон Поул Камолафе (дақиқаи 90+4-ум) ба дарвозаи “Равшан” гол заданд. Футболбози “Равшан” Шериддин Бобоев дар дақиқаи 52-юми бозӣ голи дуюми тимашро ба самар расонд.
Гуфтан бамаврид аст, ки ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 37 имтиёз ва 3 бозии захира дар ҷойи дуюм аст. “Равшан” бо 33 имтиёз дар зинаи чаҳорум мавқеъ гирифтааст. “Вахш” бо 40 имтиёз садрнишин аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”