27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
"Парасту"-и тақдирсоз. Чӣ тавр Рухшона Улфатова бо як нақш муваффақ шуд?
Рухшона Улфатова, ҳунарпешаи Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов мебошад. Ӯ дар аввалин нақш, аввалин намоиш ва аввалин маротиба дар саҳна буданаш ба ду ҷоиза қадрдонӣ шуд. Dialog.tj бо ин ҳунарпешаи ҷавон доир ба паҳлуҳои гуногуни кору зиндагиаш ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
АВВАЛИН МУВАФФАҚИЯТ
- Дар ҷашнвораи имсолаи "Парасту" шумо аввалин маротиба иштирок кардед ва яку якбора ду ҷоиза - ҷоизаи Беҳтарин нақши занона ва ҷоизаи махсуси Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе барои беҳтарин кори аввалро соҳиб шудед. Бигӯед, ки ин муваффақиятро чӣ гуна пазируфтед ва оё бовар доштед?
- Ростӣ, ҳеҷ бовар надоштам. Ҷоизаҳои мазкурро ба даст овардан, маъноеро дорад, ки бояд зиёдтар кор кунам, бештар заҳмат бикашам, зеро қадрдонӣ шудан пеш аз ҳама масъулиятро афзун мекунад.
- Дуруст аст, ки нақшофарӣ дар намоиши “Евгений Онегин” аввалин ҳунарнамоиятон дар саҳнаи театр аст?
- Бале, дуруст аст. Дар соли чоруми таҳсил дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов омадам ва иҷрои нақши Татяна дар намоиши “Евгений Онегин” аввалин нақшофариам дар саҳнаи театр маҳсуб меёбад.
- То ҷое медонем, дар намоиши “Евгений Онегин” шумо иҷрокунандаи асосии нақши Татяна набудед, балки дар он нақш ҳунарпешаи дуюм будед, бигӯед, ки чӣ хел шуд, ки дар ҷашнвора шумо ба саҳна баромадед на ҳунарпешаи якум?
- Аслан, вақти тақсими нақшҳо ман ҳунарпешаи дуюми нақши Олга (хоҳари Татяна) будам. Сипас, аз муаллимаи азиз Гулчеҳра Наимова хоҳиш кардам, ки дублёри Татяна шавам. Ҳамин тавр, муаллима иҷозат доданд ва ман иҷрокунандаи нақши Татяна шудам.
- Намоиши “Евгений Онегин” ва махсусан Татяна ба зиндагии шахсии шумо чӣ таъсир расонд?
- Намоиши “Евгений Онегин” дар корномаи ҳунарпешагии ман аввалин намоиш, аввалин нақш ва аввалин муваффақият аст, ки бароям хеле муҳим мебошад. Ҳамчунин, метавон гуфт, ки намоиши “Евгений Онегин” то андозае маро ба тамошобини театр шиносонд.
МАН ТАҲСИЛ КАРДАМ, ТО КИ КОР КУНАМ
- Кӯдакӣ ва муҳити оилаи шумо чӣ гуна буд? Дар чӣ гуна муҳит ба воя расидаед?
- Ман дар оилаи деҳқон ба дунё омадаам. Мутаассифона, ҳанӯз дусола будам, ки падарам аз дунё гузаштанд. Ҳамин тавр, панҷ духтару як писарро модарам ба воя расонданд. Шукр дар муҳити орому хуб калон шудаам ва пайи орзуҳоям қадам мезанам.
- Меҳри касби актёрӣ аз кай ба дили шумо ҷо шуд ва чӣ гуна тасмим гирифтед, ки бояд ҳунарпеша шавед?
- Аз хурдиам ба дидани филмҳои гуногун шавқи зиёд доштам. Инчунин, дар ҳамаи чорабиниҳои мактабӣ иштирок мекардам. Мерақсидам, суруд мехондам, дар саҳнаҳо нақш меофаридам. Мехостам санъаткор шавам ва самту соҳа бароям муҳим набуд. Вақте ки тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба қайд гирифтам, дар миёни 12 ихтисоси интихобкардаам овозхониву ҳунарпешагиву рӯзноманигорӣ буд. Замоне ки паёмак омад ва фаҳмидам, ки ба риштаи актёрӣ дохил шудаам, хеле хурсанд шудам. Шукр, соли 2020 ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, соли 2024 муассисаи мазкурро хатм кардам.
- То ҷое иттилоъ дорем, аҳли оилаатон дар мавриди ҳунарпеша шудани шумо зид буданд, бигӯед, ки чӣ гуна шуд, ки иҷозати таҳсилу корро ба даст овардед?
- Ба ҷуз модарам дигарон зид буданд ва ҳатто чанд бор кӯшиш карданд, ки ба дигар донишгоҳу ихтисос интиқол гирам, аммо ман таҳсил дар риштаи актёриро хеле писандидам ва ояндаамро аллакай маълум карда будам. Ҳамин тавр, бо дастгирии модарам ман таҳсилро бо сари баланд ба анҷом расондам ва шукр ҳоло аз рӯи ихтисосам кор мекунам.
- Ҳоло шумораи онҳое, ки пас аз хатми риштаи актёрӣ ба кори театр меоянд зиёд нест. Бигӯед, ки чӣ сабаб шуд, то шумо роҳи театрро пеш гиред?
- Агар ҷиддӣ тасмими кор кардан намедоштам, дар ин соҳа таҳсил намекардам. Ман таҳсил кардам, то ки кор кунам ва донишу малакаамро ба нафъи ҷомеа истифода барам. Хоҳиши кор кардан ва хизмат ба мардум маро ба театр овард.
- Кор дар театр чӣ гуна аст, фазои корӣ чӣ хел аст?
- Фазои корӣ дар театр бисёр хуб аст. Ором, эҷодӣ ва муҳитест, ки ҳам меомӯзӣ ва ҳам барои беҳтару хубтар шудани ҷомеа худфидоӣ мекунӣ.
- Ҳоло як ҳунарпешаи ҷавон, ки дар театр кор мекунад, чӣ мушкил дошта метавонад?
- Дигаронро намедонам, вале ман ягон мушкилӣ надорам. Ҳоло ҳамааш хуб аст, танҳо бояд зиёдтар кор кунем, бештар меҳнат намоем ва аз устодон омӯзем.
- Нақши театрро дар дигаргуншавии ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Театр бо инъикоси камбудиву пешравиҳо ва нишон додани фазову муҳит ҷомеаро метавонад ба тарафи мусбат тағйир диҳад. Таъсири театр ба онҳое мерасад, ки намоишҳоро мебинанд ва барои худ бардоште мекунанд.
- Оё дар замоне ки шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳро ҷалб карда истодаанд, театр метавонад бо онҳо рақобат кунад?
- Дар мавриди рақобати шабакаҳои иҷтимоӣ ва театр чизе гуфтан душвор аст, зеро дар ҳақиқат ҳоло шабакаи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зиёдро ҷалб мекунанд. Дар мавриди театр бошад, бояд бигӯям, ки хушбахтона, рисолаташро назди ҷомеа иҷро карда истодааст ва барои беҳбудии мардум хизмат мекунад.
ФАЗОИ МАҶОЗӢ
- Чандест, ки дар фазои маҷозӣ ба таҳияи наворҳои ҳаҷвӣ-тарбиявӣ машғулед. Бигӯед, ки дар гурӯҳи шумо киҳо шомиланд ва умуман идеяи фаъол шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна пайдо шуд?
- Мо дар гурӯҳамон ҳафт нафар ҳастем. Соро Собир (муаллимаамон), Рашод Исмоилбеков, Муҳаммад Зоиров, Парвиз Алиев, Умед Файзов, Анушер Саидтоҳиров ва ман. Ин идея аз рӯйи шавқу ҳавас пайдо шуд ва тавре мебинед, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои моро хуб қабул карда истодаанд.
- Бештар масъалаи маориф, махсусан камсаводиро танқид мекунед, чаро ин соҳа ва ин мавзуъҳоро интихоб мекунед?
- Чун ҳоло мактаббачагон бештар ба телефон саргарм мешаванд, баъзан аз дарсҳо қафо мемонанд ва ин гуна мавзуъҳо доғ ҳастанд. Барои мисол, дар як навор нишон медиҳем, ки писаре ду ҷамъи дуро намедонад ва ҳатто модараш ҳам намедонад. Яъне мо нишон додан мехоҳем, ки пешрафти зеҳнии кӯдакон аз оила ҳам сахт вобаста аст. Инчунин, мо кӯшиш мекунем, ки дар наворҳоямон мавзуъҳои дигарро низ баррасӣ кунем.
- Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ ба шумо барин ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ ниёз доранд. Бигӯед, ки дар баробари заҳмату меҳнати зиёд чӣ фоида мегиред?
- Фоидааш ҳамин аст, ки то андозаи дарку фаҳмишамон барои беҳбудии ҷомеа коре карда истодаем. Дар мавриди фоидаи моддӣ бошад, ҳоло онро ба даст намеорем.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”