Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гутерриш: “Муҳим аст оташбас дар Ғазза пойдор монад”
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш гуфт, ки дар айни ҳол муҳимтарин масъала ин аст, ки оташбаси дар Ғазза бадастомада пойдор монад ва марҳалаи аввали тавофуқ пурра иҷро шавад.
Гутерриш рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар Малайзия изҳор дошт, ки Созмони Милал омода аст ҳар нақше, ки ҷонибҳои калидӣ муайян кунанд, дар робита ба вазъ дар Ғазза иҷро кунад.
Ӯ дар идома аз афзоиши боҷҳои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида нисбат ба кишварҳои дигар интиқод карда, гуфт, ҷангҳои тиҷоратӣ ба нафъи ҳеч кишвар нестанд:
«Ман ҷонибдори тиҷорати озод ва одилона ҳастам. Ҷангҳои тиҷоратӣ фақат боиси зиён мешаванд. Маҳдудиятҳои кунунии тиҷорат ба иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус ба кишварҳои дар ҳоли рушд, таъсири манфӣ мерасонанд.»
Гутерриш ҳамчунин, таъкид кард, ки созмони ҷаҳонӣ бояд бар пояи қонунҳои байналмилалӣ ва арзишҳои Оинномаи Созмони Милал амал кунад, на бар асоси ҳукмронии қудратҳои бузург.
Ӯ гуфт, барои сулҳи ҷаҳонӣ бояд тавозуни қудратҳо барқарор ва бисёрқутбӣ таҳким ёбад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории кишварҳо метавонад аз такрори таҷрибаи «Ҷанги сард» пешгирӣ кунад.
Ислоҳоти Созмони Милал ва буҳрони молӣ
Гутерриш дар бораи нақшаи коҳиши 18,8 дарсадии кормандони Созмони Милал дар соли 2026 гуфт, ки ин иқдом «на аз буҳрони нақдӣ, балки аз коҳиши пардохтҳои Иёлоти Муттаҳида» сарчашма мегирад.
Ӯ афзуд: «Мо барои баланд бурдани самаранокӣ ва сарфаҷӯӣ ислоҳот мегузаронем. Бархе вазифаҳо коҳиш меёбанд, вале кумак ба кишварҳои дар ҳоли рушд на фақат кам намешавад, балки афзоиш меёбад.»
Вокуниш ба даргириҳои Судон
Дабири кулли Созмони Милал ишғоли шаҳри Ал-Фошир аз сӯи неруҳои “Пуштибонии сареъ” (RSF)-ро «шиддат гирифтани хатарноки ҷанг» хонд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки кишварҳои дахолаткунанда ва фурӯшандаи аслиҳаро «фавран боздоранд».
Ӯ гуфт, ранҷу азобҳои мардум дар Судон дигар «ғайри қобили таҳаммул» шудаанд.
Дар бораи интихоботи Мянмар
Гутерриш гуфт, ки интихоботи моҳи декабр дар Мянмар наметавонад озод ва одилона бошад ва ба ҳалли буҳрон ёрӣ расонад. Ӯ афзуд, ҳоло бояд кумакҳои башардӯстона афзоиш ёбанд ва роҳ барои гузори сиёсӣ ба ҳукумати ғайринизомӣ ҳамвор гардад.
Ислоҳоти Шурои Амният
Дабири кулл ҳамчунин, аз зарурати ислоҳи сохтори Шурои Амнияти Созмони Милал гуфт.
Ӯ таъкид кард, ки таркиби кунунии Шуро дигар воқеиятҳои ҷаҳони имрӯзро инъикос намекунад:
“Се узви доимии аврупоӣ дар Шуро ҳастанд, вале на намояндаи доимии Африқо ва на Амрикои Лотинӣ. Ин нишон медиҳад, ки Шуро ба низоми ҷаҳонии кунунӣ мутобиқат надорад”.
Гутерриш ҳамчунин, пешниҳодҳои Британия ва Фаронсаро барои маҳдуд кардани истифодаи ҳаққи вето дар шароити вижа иқдоми «муҳим ва созанда» номид.

Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”