27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
28.10.2025 09:01

Ба Трамп пешниҳод карданд, ки бо роҳбарони Осиёи Марказӣ саммит баргузор кунад

Ду узви конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сидни Камлагер Дау ва Билл Ҳюзен дар як номаи расмӣ аз президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп даъват карданд, ки нишасти сатҳи олӣ бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи формати С5+1 дар Вашингтон доир кунад.

Бар асоси иттилои сомонаи расмии Камлагер Дау ин пешниҳоди вакилон бо назардошти даҳсолагии таъсиси саммит, ки соли 2015 ташкил шуда буд, пешниҳод гардид.

Формати С5+1 барои таҳким додани ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Ин платформа робитаҳоро дар соҳаҳои амният, рушди иқтисодӣ ва экологӣ густариш медиҳанд.

Дар номаи конгрессменҳо таъкид шуд, ки ширкати шахсии президент Доналд Трамп дар нишасти ҷашнӣ метавонад ба таҳким додани манфиатҳои стратегии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар минтақа мусоидат кунад ва робитаи кишварҳоро дар даҳсолаи оянда мушаххас созад.

“Ширкати президент дар саммити С5+1 ин рӯйдодро ба як падидаи муҳимми дипломатӣ табдил медиҳад, ки метавонад самти нави ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Осиёи Марказиро барои даҳ соли оянда мушаххас кунад”- зикр шудааст дар номаи конгрессменҳо.

Онҳо аз ҳукумат хостанд, ки то доир шудани нишаст созишномаҳои навро таҳия кунанд ва ба ҳамкории амаливу шарикии дарозмуддат замина гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки формати Осиёи Марказӣ – ИМА (С+1) моҳи ноябри соли 2015 баъд аз мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд таъсис ёфт. Дар солҳои ахир ин саммит мунтазам баргузор мешавад ва дар моҳи сентябри соли 2023 низ доир шуда буд.

Охирин нишасти вазирон дар доираи С5+1 рӯзи 28-уми феврали соли 2024 дар шаҳри Остона доир шуда буд, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои рушди тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд.

Пешниҳоди баррасии нишасти навбатӣ дар шаҳри Вашингтон аз ҷониби коршиносон қадами муҳимми нав дар робитаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад, ки метавонад оғози марҳилаи тозаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиро дар ин минтақа таъмин намояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.