Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
ВКД: Зани 28-сола барои ба худкушӣ расонидани духтарчаи ӯгайаш дастгир шуд
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хабари ба худкушӣ даст задани духтарчаи ноболиғ иттилоъ дод.
Тавре манобеъ мегӯяд: дар рафти санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон дар натиҷаи муомилаи бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну шарафи фарзанди ноболиғи ӯгаяш духтарбачаи 15-солаи сокини ҳамон ҷо 13-уми октябри соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ноболиғ дар манзили истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.
Дар номае, ки марҳум пеш аз маргаш навиштааст, таъкид намудааст, ки ба муносибати бераҳмонаи модари ӯгаяш тоқат карда натавониста роҳи халосиро дар худкушӣ кардан донистааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад