27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
27.10.2025 11:16

Баъди оташбас буҳрони инсонӣ дар Ғазза идома дорад

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки тақрибан 15 рӯз баъд аз эълони оташбас миёни Исроил ва Ҳамос беш аз 1 миллион нафар дар Навори Ғазза ба кумакҳои изтирорӣ ва башардӯстона ниёз доранд.

Тибқи гузориши дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза тақрибан 1,1 миллион нафар бидуни дастрасӣ ба ғизо мондаанд ва беш аз 2,1 миллион нафар дар остонаи гуруснагии шадид қарор доранд.

Бар асоси иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира” оилаҳои фаластинӣ баъд аз бозгашт ба манзилҳои вайроншуда, бо камбудии ғизо, об ва хизматрасонии тиббӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ хабар дод, ки дастрасӣ ба оби нӯшокӣ барои як миллион нафар ба камтар аз 6 литр дар як рӯз коҳиш ёфтаааст ва кумакҳои башардӯстона ҳанӯз бо монеаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳамос баъд аз мулоқот бо гурӯҳҳои фаластинӣ дар Қоҳира ба ташкили як комиссияи муваққатии мустақил аз технократҳо барои идораи Ғазза баъд аз ҷанг розӣ шудааст.

Тибқи изҳороти муштараке, ки дар сомонаи Ҳамос нашр шуд, ин комиссия корҳои рӯзмарра ва хадамоти асосиро бо ҳамкории кишварҳои арабӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ идора хоҳанд кард.

Аз ҷониби дигар, Марко Рубио, Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки барои назорати иҷрои оташбас ба Исроил сафар намудааст, ширкати Созмони Милал ва Ҳамосро дар идораи ояндаи Ғазза рад намуд.

Ӯ дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Кирият Гат гуфт, ки “UNRWA як шохаи Ҳамос аст. Ҳамос наметавонад дар ҳукуматдории Ғазза нақш дошта бошад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.