Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Ғасби Каронаи Бохтарӣ поёни ҳимояти Амрико аз Исроил аст”
Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор додааст, ки агар ҳукумати Исроил тасмим гирад, минтақаҳои соҳили ғарбии дар ишғолбударо ба хоки худ ҳамроҳ созад, Вашингтон дигар аз он кишвар ҳимоят нахоҳад кард.
Тибқи гузориши расонаҳои байналмилалӣ Доналд Трамп дар як мусоҳиба бо маҷаллаи байналмилалӣ таъкид намудааст, ки нақшаи Исроил барои ҳамроҳ кардани бахшҳое аз соҳили ғарбӣ “ҳич гоҳ иҷро нахоҳад шуд”, зеро ӯ дар ин хусус бо кишварҳои арабӣ низ ҳамоҳангӣ ба даст овардааст.
Вақте хабарнигорон аз ӯ пурсиданд, агар ҳукумати Бенямин Нетаняҳу қадамҳое барои иҷрои ин тасмим гирад, чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод, Трамп се бор такрор кард: “Ин ҳодиса рӯй нахоҳад дод. Ин ҳодиса рӯй нахоҳад дод. Ин ҳодиса рӯй нахоҳад дод, зеро ман ба кишварҳои арабӣ ваъда додаам”.
Ҷей Ди Вэнс, муовини Президенти Амрико низ бо интиқод аз тасмими ибтидоии Кнессет барои ҳамроҳ кардани ин минтақаи ишғолшуда гуфт, ки ин иқдом “аҳмақона” ва “тавҳиномез” аст.
Ҳамзамон, Марко Рубио яке аз мақомоти аршади Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки умедвор аст оташбас дар Ғазза ҳифз шавад ва шиддати нави низоъ дар минтақа ба вуҷуд наояд.
Мавзуи ҳамроҳсозии соҳили ғарбӣ аз масъалаҳои бисёр ҳассос дар муносибатҳои Исроил бо ҷомеаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Ба гуфтаи таҳлилгарон вокуниши ошкоро ва шадиди мақомоти Амрико метавонад ба тасмимҳои Тел-Авив таъсири ҷиддӣ расонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”