27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
27.10.2025 10:45

Беш аз 35 фоизи муҳоҷирон дар марҳилаи аввал имтиҳони забони русиро супорида натавонистаанд

Беш аз 35 фоизи муҳоҷирони корӣ дар сеюм квартали соли 2025 имтиҳони забони русиро аз аввал супорида натавонистаанд.

Бар асоси гузориши расмӣ, 275 609 нафар имтиҳонҳо оид ба забони русӣ барои хориҷиён, таърихи Русия ва қонугузории асосии Федератсияи Русияро супоридаанд, ки барои гирифтани иҷозаи кор ё патент зарур мебошад. Аз ин шумора 86,9% имтиҳонро супоридаанд, вале 35,1% аз аввал натиҷаи хуб нагирифтаанд.

Имтиҳон дар 203 нуқта дар саросари Русия ва берун аз он, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаронида шудааст. Дар миёни онҳо 88 донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла 82 донишгоҳи тобеи Вазорати маориф ва илми ин кишвар ҷой доранд.

Ба гуфтаи масъулон имтиҳон се зина дорад: зинаи аввал – барои гирифтани иҷозаи кор дар Русия (патент), зинаи ду - барои иҷозаи иқомат ба муддати муайян (РВП), зинаи севум – барои иҷозаи доимӣ (ВНЖ).

Ҳар се зина блок дорад: блоки аввал фақат санҷиши забони русӣ, блокҳои дуюм ва сеюм ҳамчунин, санҷиши донишҳои таърихи Русия ва қонунгузории асосиро дар бар мегирад.

Шумори муҳоҷироне, ки аз аввал натиҷаи хуб ба даст наовардаанд, нишон медиҳад, ки омӯзиши забони русӣ ва дастрасии онҳо ба омӯзишҳои пешакӣ барои имтиҳон ҳанӯз сатҳи заруриро надорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.