Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бозии сол. “Реал Мадрид” “Барселона”-ро шикаст дод
Дар доираи даври 10-уми Ла Лига бошгоҳи “Реал Мадрид” дар майдони худ “Сантяго Бернабеу” дастаи “Барселона”-ро пазируфт ва ин дидорро бозии марказии сол дар Испания мегӯянд.
Вохӯрии ду рақиби ашадӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи бошгоҳи шоҳона ба анҷом расид.
Футболбозони бошгоҳи “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе (дақиқаи 22-юм) ва Ҷуд Беллингем (дақиқаи 43-юм) голҳои дастаи шоҳонаро таъмин карданд. Ягона голи “Барселона”-ро Фермин Лопес дар дақиқаи 38-ум ба дарвозаи мадридиҳо ворид кард.
Аслан, футболбозони “Реал Мадрид” ба дарвозаи “Барселона” панҷ гол заданд, ки аз ин шумора се гол ба Килиан Мбаппе ва ду гол ба Ҷуд Беллингем тааллуқ доранд, вале бо сабаби ҳолати “оффсайд” ҳисобидан, се гол қабул нашуд.
Рақобати “Реал Мадрид” ва “Барселона” на танҳо дар чемпионати Испания, балки дар доираи футболи ҷаҳонӣ муҳимтарин бозӣ маҳсуб меёбад ва ба қавле бозии сол унвон дорад, зеро ин рақобат бештар аз бозии футбол мебошад. Ҳатто дар нишасти матбуотии пас аз бозӣ, сармураббии тими “Реал Мадрид” Хаби Алонсо таъкид кард, ки ғалаба бар “Барселона” танҳо ба даст овардани се хол нест.
Аз ҷиҳати дигар, ин ғалаба ба “Реал Мадрид” ва мухлисони ин даста хеле муҳим буд, зеро дар соли гузашта “Барселона” чор маротиба пайи ҳам дастаи шоҳонаро шикаст дода буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ҷадвали Ла Лига “Реал Мадрид” бо 27 хол ва “Барселона” бо 22 хол дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”